Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

туро арзонӣ намоям. Ва ҳар мақсуде, ки туро бошад, муяссар хоҳам намуд.

Ҳотам гуфт:
— Мамлакат насиби шоҳи олампаноҳ бод.

Шоҳ гуфт:
— Эй ҷавон, муроди худро ба зудӣ изҳор намой.

Ҳотам гуфт:
— Агар аҳду паймон ба ҷой оранд, орзӯи худро арза хоҳам намуд.

Дарҳол шоҳ дасти Ҳотамро гирифта, қасам ёд кард ва гуфт:
— Эй ҷавон, ҳарчӣ муроди дили ту бошад ба он расонам.

Ҳотам хотирҷамъ шуда гуфт:
— Эй шоҳ, каминаро дидани Ҳаммоми бодгард дар дил ҳаст. Агар фармой, ба дидани ӯ биравам.

Шоҳ аз шунидани ин калом сар дар ҷайби тафаккур фурӯ бурда, соате хомӯш монд.

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, ин ҳама фикрро сабаб чист?

Шоҳ сар боло карда гуфт:
— Чандин фикр бар сари ман афтода. Аввал он ки, аҳд баста қасам ёд кардаам, касеро ба тарафи Ҳаммоми бодгард рафтан изн надиҳам. Чаро ки ҳеҷ касе рафта ба саломат бознаёмадааст. Дуввӯм он ки, чун ту ҷавони доноро ба тарафи Ҳаммоми бодгард фиристодан камоли бемурувватист. Саввӯм он ки, бо ту аҳду паймон бастаам. Шоҳонро аз қавли худ гаштан боиси беэътиборӣ ва бадномӣ хоҳад шуд. Эй ҷавон, дар таҳти эҳсони худ маро ба бозӣ даровардаӣ. Илоҷи ин кор маро маҳол аст. Агар аҳди худро бишканам, дар тамомии олам муттаҳам ва бадном хоҳам гашт ва дар аҳди ман ҳеҷ касе эътимод нахоҳад кард.

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, умед аз худо дорам, ки тилисмоти Ҳаммоми бодгардро шикаста ба хизмати шумо ба саломат бозоям ва сабаби рафтани ман дар он ҷо ин ки аҳде кардаам. — Ва ҳамаи саргузашти худ ва ошиқ шудани шаҳзода Мунирро ба маликаи Ҳуснбону як-як баён намуд.

Шоҳ аз шунидани ин каломи хайриятанҷом таҳсину офаринҳо мекард ва мегуфт:
— Эй ҷавон, худо ҳамеша ёру мададгори ту бод, ки

пешина
аз 269
навбатӣ