Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

худро ба ин ҳама балоҳо андохта, роҳати дигаронро мехоҳӣ.

Шоҳ боз гуфт:
— Эй ҷавон, ба ростӣ бигӯ, ки аз кадом диёрӣ ва аслу насаби ту ба кӣ мерасад ва туро чӣ ном аст?

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, бидон ва огоҳ бош: маро ном Ҳотам
бинни Тай подшоҳзодаи Яманам.

Шоҳ ин суханро шунида аз ҷои худ бархост ва Ҳотамро дар канор гирифту гуфт:
— Фарри шоҳӣ ва шукӯҳи мардонатӣ аз ҷабинии ту ҳувайдост ва номи нек дар ин ҷаҳон хоҳӣ баровард, чун ту дигаре дар ин олам нахоҳад омад.

Дарҳол шоҳ фармуд, ки ба номи посбонони роҳи Ҳаммоми бодгард номае нависанд. Мазмуни нома ин буд, ки «Ҳотам бинни Тай ба дидани Ҳаммоми бодгард меравад. Бояд, ки баъд аз расидан ба тарафи Ҳаммоми бодгард сиҳат ва саломат берун ояд, ба иззати тамом дар назди ман биёред».

Муншиён номаро тамом карда оварда ба дасти шоҳ доданд. Шоҳ номаро ба дасти Ҳотам дода, ба ҳазор бедилӣ рухсат намуда, оҳи сард аз дили пурдард баркашид ва ашки ҳасрат аз дидагони худ ҷорӣ карда афсус мехӯрд. Ҳотам аз боргоҳи шоҳ баромада бо рафиқон рӯ ба роҳ ниҳод. Он ҳангоме, ки Ҳотам аз дари боргоҳ баромада рӯ ба роҳ ниҳод, шоҳ аз рӯи бетоқатӣ ва бе-.
дилӣ аз болои тахт нузул карда, дар хилватхонае даромада дарро аз дарун мустаҳкам намуда буд.

Алкисса, Ҳотам баъд аз понздаҳ рӯз ба ҷое расида дид, ки дарвозаи баланди чун тоқи Кисро. Аз рафиқони худ пурсид, ки:
— Эй ёрон, ин дарвоза азони кист?

Онҳо гуфтанд, ки:
— Эй шоҳ, ин дарвозаи Ҳаммоми бодгард аст, ки аз ҳафтрӯза роҳ менамояд.

Алгараз, баъд аз ҳафт рӯз дар он ҷо расиданд. Ҳотам дид, ки кӯҳи азиме ва дар зери он кӯҳ лашкаре бекарон фуруд омада. Аз рафиқони худ пурсид, ки:
— Ин лашкар азони кист?

Онҳо гуфтанд:
— Ин лашкар посбонони дарвозаи Ҳаммоми бодгарданд, ки бо амри шоҳ Ҳорис дар ин ҷо хоб кардаанд, касеро аз дарвоза даромадан намегузоранд.

Ҳотам дохили лашкар шуда номаро ба дасти Сардори

пешина
аз 269
навбатӣ