Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

лашкар Идрок дод. Идрок номаро мутолиа карда Ҳотамро аз даромадан манъ намуд. Ҳотамро дар он ҷо нигоҳ дошта меҳмондориҳо менамуд. Алқисса, Ҳотам гуфт:
— Эй Идрок, номаи шоҳро амал намуда, ба даромадани Ҳаммоми бодгард маро рухсат фармо, ки ман аз ҷони худ гузар карда ин ҷо омадаам. Монъ шудани ту дар ин боб суде надорад. — Идрок ночор ва ноилоҷ шуда ба хизмати шоҳ Ҳорис бо ин мазмун ариза навишт, ки «Ҳотам бинни Тайро ҳарчанд, ки аз даромадании Ҳаммоми бодгард манъ намудам, қабул намекунад. Дар ин боб шоҳро фармон чӣ бошад?»

Алқисса, номаи Идрок ба шоҳ расида, мафҳуми он ҳосил гардид. Дар ҷавоби он шоҳ низ бо ин мазмун нома фиристод ки: «Эй Идрок, бигузор Ҳотам бинни Тайро, то ки аз паи матлуби худ биравад».

Номаи шоҳ ба Идрок расид, ӯ ба Ҳотам гуфт:
— Эй Ҳотам, ихтиёр мар турост, агар оби ҳаёт мехоҳӣ, аз ин роҳ баргард ва илло туро пушаймонӣ пеш хоҳад омад.

Ҳотам гуфт:
— Эй бародар, бигузор, то аз паи муроди худ биравам. — Ин бигуфту ба ҷониби дарвозаи Ҳаммоми бодгард роҳӣ шуд. Чанд қадам роҳ пештар рафта дид, ки ҳайҳот, дарвоза ҳамчун кӯҳ сар ба фалак кашида. Дар тамомии умри худ инчунин дарвозаи баланду босалобат надида буд. Бар пеши тоқи он навиштаанд, ки «Аз замони Каюмарс ибни Одам то ба ин дам ҳар касе дар ин тилисмот даромада, зинда берун набаромадааст». Ҳотам чун ин мактубро дид, дар дили худ гуфт ки: «Даромадан дар ин мақом суде надоштааст». Хост, ки аз он ҷо бозгардад. Боз дар дил гуфт: «Аз ин ҷо муроҷиат намудан нуқси аҳд ва мӯҷиби шармандагист. Дар пеши шоҳ Ҳорис ва малика чӣ гуна хоҳам рафт ва аз қавли худ баргаштан феъли номардон аст» ва аз дили худ ин ҳама фикрҳоро гузаронда ин байт мехонд:

Ҳама кори ҷаҳон номусу ном аст.
Вагарна ними нон — рӯзӣ тамом аст.

Ин байтро хонда, ба мулозимони шоҳ видоъ карда, қадам аз дарвоза дарун ниҳод ва равона шуд. Чанд қадам роҳ рафта бар ақиби худ назар кард. Дид, ки не

пешина
аз 269
навбатӣ