Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
мулозимон ҳастанд ва не дарвоза. Дар биёбони бепоён афтода ҳеҷ чизе дар назараш наменамуд ва ҳарос дар дилаш пайдо шуд. Гашта ба ҷониби дарвоза равона шуд, аз дарвоза ҳеҷ нишон наёфт ва дар дил гуфт: «Аз барои ҳалокии ман Ҳаммоми бодгард сабабу боис будааст ва дар ин дашти бепоён ҳайрону саргардон ҷон хоҳам дод». Ба ҳар тарафе, ки назар кард, роҳи баромадан наёфт. Ноилоҷ ба як тарафи он биёбон равона шуд. Баъд аз чанд вақт аз дур сурати одамӣ ба назараш бинамуд. Наздик расида буд, ки он сурат аз бағали худ оинае бароварда ба дасти Ҳотам дод. Ҳотам оинаро аз дасти ӯ гирифта рӯи худро дидид.
Он сурат гуфт:
— Эй ҷавон, Ҳаммом дар гард аст.
Ҳотам гуфт:
— Эй мавҷуд, ту аз муваккалони Ҳаммоми бодгардӣ?
Он сурат гуфт:
— Оре.
Ҳотам гуфт:
— Дар ин ҷо чӣ хоҳӣ кард?
Он сурат гуфт:
— Ҳар касе, ки дар ин мақом ояд, ӯро гирифта дар ҳаммом медарорам ва ӯро ғусл дода, хизмат менамоям ва аз он кас инъом мехоҳам. Агар дар ҳаммом дарой, туро хизмат ба ҷой орам.
Ҳотам гуфт:
— Некӯ бошад. Аз роҳи дур омадаам, мехоҳам, ки ғусл карда кӯфти роҳро аз худ дур созам.
Он сурат пеш-пеш, Ҳотам аз ақиб мерафт. Қариб як фарсанг роҳ рафта буд, ки гунбаде бинамуд. Ҳотам пурсид:
— Ин гунбад ҷои кист?
Он сурат гуфт:
— Ҳаммоми бодгард ҳамин аст.
Ҳотамро бар лаби ҳавзе расонид ва гуфт:
— Эй ҷавон, дарун дарой, ман туро об расонам.
Ҳотам гуфт:
— Бо ин ҳама либосҳои худ чӣ гуна дароям.
Дарҳол он сурат лӯнгии покизае оварда ба Ҳотам дод. Ҳотам лӯнгиро ба худ печида, дар оби он ҳавз даромад. Дарҳол он сурат оби гарм ба дасти Ҳотам дод. Ҳотам обро бар сари худ рехта буд, ки овози тараққо турук аз он гӯнбаду равок баромада он сурат аз назари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё