Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳотам ғоиб шуд ва он ҳаммом чунон торик шуд, ки Ҳотам ҳайрони он торикӣ буд. Баъд аз соате он ҳама торикӣ бартараф шуда Ҳотам дид, ки не ҳаммом ҳаст ва не гунбад. Тамомии саҳнро об фурӯ гирифта ҳар соат зиёда мешуд. Ҳотам ба худ мегуфт: «Ин чӣ сир аст, ки об дам ба дам зиёда мешавад. Аз ин ҷо берун рафтан беҳтар, мабодо ки ин об маро ғарк гардонад». Ба ҳар тараф, ки рӯ ниҳод, ангези баромадан кард, муяссар намешуд. Вақте шуд, ки об аз сари Ҳотам даргузашт. Ҳотам шиноварӣ мекард ва мегуфт: «Сабаби ҳалокати мардумон ҳамин об будааст. Эй Ҳотам, ту низ аз ин гирдоб берун натавонӣ баромадан. Ҳорисшоҳ бинобар ин манъ мекардааст».

Ин ҳама фикрҳоро карда умед аз зиндагонии худ барканд ва гуфт: «Дар кори хайр қадам ниҳодаам, худоё, дастгири ман ту бошӣ. Агар ризои ту ба мурдани манаст, сад ҳазор ҷонам фидо бод».

Об ба ҳадде боло шуд, ки сари Ҳотам ба қуббаи ҳаммом расид. Ҳотам аз шиноварӣ монда шуда хост, ки ба девори ҳаммом часпида нафас рост кунад, боз овози тараққо турук баромада худро дар биёбоне дид ва ба ҷониби он биёбон равона шуд. Дар дил мегуфт: «Аз он тӯфон халос шудам, шояд ки аз тилисм баромада бошам».

Муддати се шабонарӯз дар он биёбон роҳ рафт. Аз дур иморате дар назараш даромад. Донист, ки ободие хоҳад буд. Ба он ҷониб равона шуд. Наздик расида дид, ки боғи олӣ. Аз дарвозаи он боғ даромада пештар рафта, бар ақиби худ назар карда дид, ки аз дари он боғ ҳеҷ асару нишоне набуд. Мутаҳайир шуд ва мегуфт: «Ин чӣ балое буд, ки маро пеш омад, ҳанӯз аз тилисмоти ин мақом берун нашуда будаам». Ноилоҷ дар он боғ мегашт. Ногоҳ ба ҷое расида дид, ки дарахтони сар бар фалак кашида, меваи он дарахтон пухта ва бар замин рехта. Ҳотам гурусна буд, аз он меваҳо ҳарчанд, ки мехӯрд сер намешуд, аммо хурсандии дар дилаш ҳосил шуда буд. Пештар рафта дид, ки қасри зар-андуде. Бутҳоро ба гирдогирди он қаср овехтаанд. Ба як канори он қаср назар карда дид, ки арӯси соҳибҷамоле ҳамчун моҳи шаби чаҳордаҳ. Лӯнгӣ дар синаи ӯ баста мондаанд, ки ӯ ҳам аз санг буда. Ҳотам гуфт: «Ин чӣ сир аст, ки ҳақиқаташ маълум набуда. Кайфияти ин ҳама асрорро аз кӣ пурсам?»

Дарзамон тӯтие овоз дод, ки:

пешина
аз 269
навбатӣ