Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй ҷавон, чаро истодай ва дар ин маконҳо чӣ гуна омадӣ ва ба кадом сабаб аз ҷони худ даст шустӣ?
Ҳотам он овозро шунида ба ҷониби болову поён назар кард. Ногоҳ бар тоқ даре дид ва бар болои он дар навиштаанд, ки:
«Эй бандаи худой, аз тилисмоти ин ҳаммом ҷон ба саломат нахоҳӣ бурд. Тилисмоти ин ҳаммом аз Каюмарс бинни Одам мондааст. Рӯзе Каюмарс бинни Одам ба шикор рафта буд. Алмоспорае аз шикоргоҳ ба дасти эшон афтод ва дар гаронӣ миқдори се мисқол буд. Аз ҳакимон ва надимон пурсид, ки:
— Монанди ин алмоспора мавҷуд мешуда бошад?
Ҳамон соат ҳукамо гуфтанд:
— Шунида нашудааст.
Қаюмарс гуфт, ки:
— Эй ҳакимон, ин алмоспораро ба ҷое нигоҳ дорем, ки касе дасти тасарруф нарасонад.
Бинобар он ин тилисмро бино карда, Ҳаммоми бодгард ном ниҳодааст ва он алмоспораро дар батни ин тӯтӣ мазбут гузоштааст.
Эй бандаи худой, бидон ва огоҳ бош, ин тиру камоне, ки бар болои курсӣ ниҳодаанд, бояд ки ба даст гирифта дар шиками тӯтӣ тир андозӣ ва хато нашуда ба шиками тӯтӣ бирасад, ҳамон тилисмот шикаста, он алмоспора аз шиками ӯ берун хоҳад шуд ва он алмоспораро гирифта ба саломат берун хоҳӣ омад ва илло мисли ин бутон санг хоҳӣ гардид».

Ҳотам ба ҷониби бутон нигоҳ карда афсӯс мехӯрд.
Ногоҳ аз ҷониби бутон овозе ба гӯши Ҳотам расид, ки:
— Эй Ҳотам, ту аз ин тилисмот берун нахоҳӣ шуд.
Ҷони худро ба саргардонӣ андохта рафиқи моён хоҳӣ гардид.
Ҳотам шунидан баробар тиру камонро ба даст гирифт. Шаст канда ба ҷониби тӯтӣ андохт. Тири Ҳотам нарасид ва ӯ то ба зону санг гашт.
Тӯтӣ гуфт:
— Эй ҷавон, ин ҷои ту нест.
Тири дигаре андохт, ӯ низ хато рафт. Ҳотам то миёни худ санг гашт.
Боз тӯтӣ гуфт:
— Эй ҷавон, ин ҷои ту нест.
Ҳотам аз ҷои худ часта, миқдори сесад қадам роҳ аз пеши тӯтӣ дур афтод. Наздики он суратҳо расида миёни худро дид, ки санг гашта. Зор-зор чун абри навбаҳор

пешина
аз 269
навбатӣ