Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
мегирист, гӯё ки маргро муоина дида бошад. Мартабаи сеюм чунон тире дар шиками тӯтӣ зад, ки тӯтӣ парида аз қафас берун афтод. Тамоми оламро соиқа гирифта, зулмот ва торикӣ пайдо шуд. Ҳотам аз худ рафта мурдавор беҳуш афтод. Баъд аз соате ба ҳуш омада дид, ки не қаср ҳасту не тиру камон ва не тӯтӣ. Ва он алмоспора ҳамчун офтоби дурахшон бар замин тофта истодааст.
Ҳотам зуд бархоста, он алмоспораро гирифта буд, ки ҳамаи он бутони сангин ба сурати аслии худҳо омада одам шудаанд ва гуфтанд:
— Эй ҷавон, аз ин тилисмот чун саломат мондӣ?
Ҳотам ҳамаи саргузашти худро дар назди онҳо баён намуд. Ҳамаи он хурду калон бандавор дар зери қадами Ҳотам афтоданд ва ҳалқаи бандагӣ дар гӯши худҳо андохта, Ҳотамро дуои хайр мекарданд.
Ҳотам ҳамаи онҳоро бо худ гирифта, ба ҷониби дарвоза равон шуд. Аммо намедонист, ки дарвоза ба кадом ҷониб аст.
Алгараз, чанд рӯз роҳ гашта ба дарвоза расиданд ва аз дарвоза баромада, ба ҷониби Идрок равона шуданд. Идрок дид, ки Ҳотам бо чандин ҷавонони моҳрӯй аз дарвозаи Ҳаммоми бодгард баромада меояд. Дарҳол чанд қадам роҳ пеш рафта Ҳотамро дар канор гирифта, муборакбод намуд ва аз дасти ӯ гирифта дар боргоҳи худ даровард ва бар болои курсии заррин биншонд. Чандин қисм таоми лазиз оварда, дар назди Ҳотам ва рафиқони ӯ гузошт. Баъд аз фарӯғи таом ҳамаи саргузаштро аз Ҳотам пурсид. Ҳотам ҳамаи дида ва кардаҳои худро дар назди Идрок ва лашкариён баён намуд. Идрок ва ҳамаи лашкариён ба ин ҳама корҳои Ҳотам таҳсину офаринҳо мекарданд. Дарҳол Идрок ин ҳама кори кардаи Ҳотамро навишта ба хизмати шоҳ Ҳорис фиристод.
Баъд аз як рӯз Ҳотам бо рафиқон роҳи шаҳри Қаттонро гирифта роҳӣ шуд. Номаи Идрок пештар расида, аз ҳама корҳои Ҳотам шоҳ огоҳ гардид. Аз рӯи хушвақтӣ вазири худро бо чанде аз муқаррабон ба истиқболи Ҳотам фиристод.
Вазир бо рафиқон дар айни роҳ ба Ҳотам мулоқӣ шуда дарёфт кард.
Алгараз, Ҳотам бо вазир дар шаҳри Қаттон даррасид ва аз дарвоза даромада дар боргоҳи шоҳ рафта шоҳро мулозимат намуд. Шоҳ Ҳорис Ҳотамро дар канор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё