Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

гирифта навозиш кард ва бар болои тахти худ биншонд ва ҷашни шоҳона ороста чандин қисм таоми лазиз оварда дар назди ӯ гузоштанд. Баъд аз он шоҳ ҳақиқати Ҳаммоми бодгардро аз Ҳотам пурсид. Ҳотам ҳамаи кардаву дидаи худро дар назди шоҳ баён намуд. Шоҳ ба ин ҳама корҳои Ҳотам офарину таҳсин мекард.

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ, касоне, ки аз тилисмот берун шуда омадаанд, бояд ки ҳар кадоми эшонро асп ва сару по марҳамат намоӣ. Эшон ба ватанҳои хеш хоҳанд рафт.

Дарҳол шоҳ вазирро фармуда гуфт:

— Эй вазир, бояд ки ҳар кадоми ин ҷавонони мусофирро аспи шоҳона ва сару пои мулукона бидиҳӣ.

Вазир ҳамаи гуфтаҳои шоҳро камоянбағӣ ба ҷо оварда меҳмонҳоро ба ҷониби ватанҳои хеш рухсат намуд. Ҳотам чанд рӯз дар назди шоҳ буд ва баъд аз чанд рӯз аз шоҳ рухсат талабид. Шоҳ фармуд, ки асбоби сафарро муҳайё намоянд. Хизматгорон ҳамаро тайёр карданд. Баъд аз он Ҳотам бо шоҳ видоъ намуда, ба ҷониби шаҳри Ҳуснобод равона шуда, баъд аз чанд вақт бо таҷаммули бисёре ба шаҳри Ҳуснобод даррасид. Канизони малика Ҳотамро дида, мулоқот варзиданд ва ба даргоҳи малика оварданд.

Алкисса, малика Ҳотамро дар даруни қасри худ талабида пурсид, ки:

— Эй ҷавон, дер омадӣ, хуш омадӣ. Бояд, ки аз ҳақиқати Ҳаммоми бодгард маро огоҳ гардонӣ.

Ҳотам таъзимоти маликаро ба ҷо оварда, тилисмоти Ҳаммоми бодгардро ва саргузашти худро дар назди малика як-як баён намуд ва алмоспорае, ки аз тилисмот берун кашида буд, дар пеши малика биниҳод. Малика он алмоспораро дида, мутаҳаййир шуд ва сар дар ҷайби тафаккур фурӯ бурда андеша мекард.

Ҳотам гуфт:

— Эй малика, саволи ҳафтӯмро бигӯй, то ӯро низ ҷавоб гӯям.

Малика гуфт:

— Эй Ҳотам, рафта дар корвонсаро дар назди рафиқони худ чанд рӯз ором гир ва ранҷи роҳро аз худ дур кун. Баъд аз он саволи ҳафтӯмро ба ту хоҳам гуфт.

Ҳотам дар корвонсаро рафта, дар назди шаҳзода қарор гирифт ва саргузашти худро дар назди шаҳзода баён намуда буд, ки шаҳзодаро ҳуш аз сар рафта, дар

пешина
аз 269
навбатӣ