Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
зери қадами Ҳотам афтод. Ҳотам сари шаҳзодаро аз замин бардошта гуфт:
— Эй шоҳ, ин ҳама корҳоро дар роҳи хайр кардаам, дар бораи шумо ҳеҷ миннат нест.
Малика ҳар соат чандин қисм таом дар назди Ҳотам мефиристод. Ҳотам он таомҳоро бо мулозимони шоҳ Ҳорис тановул менамуд.
Баъд аз чанд рӯз Ҳотам мулозимони шоҳ Ҳорисро ҳилъати шоҳона ва сару пои мулукона бахшида, рухсат фармуда худ ба дари боргоҳи малика омад.
Мулозимон рафта гуфтанд:
— Эй маликаи олам, инак, Ҳотам омада ба дари боргоҳ истодааст.
Малика Ҳотамро ба даруни қасри худ талабида бар болои курсии заррин бинишонд ва аз паси парда пурсид, ки:
— Эй Ҳотам, чаро ором нагирифтӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй малика, ман он замон ором гирам, ки ҷавоби саволи ҳафтӯмро ба хизмати ту биёрам. — Боз гуфт:
— Эй малика, ба зудӣ саволи ҳафтӯмро бигӯй, ки ман барои ҷавоби ӯ хоҳам рафт.
Малика гуфт:
— Эй Ҳотам, дурре дорам, монанди ӯро пайдо кун.
Ҳотам гуфт:
— Эй малика, он дурро ба дуогӯ бинамой. Малика дарҳол хазинадорро фармуд:
— Он дурро аз хазина берун кун ва дар назди ин ҷавон ҳозир соз.
Дарҳол хазинадор он дурро оварда ба Ҳотам бинамуд. Ҳотам дид, ки он дур ба монанди байзаи мурғобӣ.
Ҳотам гуфт:
— Медонам, ки инро ҳаволаи ман нахоҳӣ кард. Аммо намунае мебояд, ки баробари он бошад.
Ҳуснбону заргаронро талаб кард, ки шакли он марворидро аз нуқра сохтанд. Ҳотам онро гирифта дар меҳмонсаро омад.
Ҳотам ва шаҳзода бо якдигар мегуфтанд: «Ҳеҷ дурро бо ин бузургӣ ва хубӣ надидаем ва нашунидаем».
Шаҳзода гуфт:
— Эй Ҳотам куҷо равӣ ва мисли ин дурр аз куҷо ба даст дарорӣ?
Ҳотам гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё