Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй шоҳ, Худо ҳамаи мушкилоти мову туро осон хоҳад гардонид.
Шаҳзода гуфт:
— Эй Ҳотам, чанд рӯзе дар ин ҷо бошӣ, то он ки ба дидори ту сер шуда бошам.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, корро ба охир расонида дар як ҷо ни-шаста мусоҳиб хоҳем шуд. Алҳол аз паи ҷавоби саволи малика рафтан беҳтар аст.
САФАРИ ҲАФТУМ
Ҳотам рӯ ба биёбон ниҳода роҳ мерафт. Баъд аз чанд рӯз ба ҷое расида, дид, ки тахтасанги азиме. Наздики он нишаста сар ба зонуи тафаккур монда андеша ме-кард: «Ҷӯраи ин дурро аз куҷо ба даст хоҳам овард?» Дар назди он санг дарахте буд, сар ба фалак кашида. Ҳангоми шом буд, ки як ҷуфт ҷонваре аз канори дарёи Қаҳрамон омада ба шохи он дарахт бинишастанд ва бо якдигар нутқ мекарданд.
Модааш гуфт:
— Эй мӯниси ҷон, ҳавои ин мақом маро чандоне хуш намеояд, агарчанде ки қуту дона дар ин ҷо бисёр аст.
Нараш гуфт:
— Эй ороми ҷон, рост ва некӯ гуфтӣ, қасди истодан дар ин мақом ба дил доштам, маро низ ҳавои ин навоҳӣ хуш наёмада. Фардо азми ватани худҳо хоҳем намуд.
Модааш гуфт:
— Албатта салоҳ дар ҳамин аст.
Ин ҳама суханҳоро гуфта хомӯш гардиданд. Баъд аз соате модааш гуфт:
— Эй шоҳи паррандагон, ин кист, ки дар ин мақом сар ба зону ниҳода ғамгин нишастааст?
Нараш гуфт:
— Ин ҷавон Ҳотам бинни Тай аст, ки бар сараш ғами азим афтода, саргардон мегардад.
Модааш гуфт:
— Ғами ин шахсро сабаб чист?
Нараш гуфт:
— Эй роҳати ҷон, агар корҳои неки ин ҷавонро дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё