Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

тамомии умри худ бигӯям, яке аз сади онро адо натавонам кард. Аммо мухтасари калом ин, ки шаш саволи духтарро ҷавоб гуфта барои ҷавоби саволи ҳафтум дар ин мақом омада нишастааст. Саволи ҳафтуми духтар ин ки «дурри дигаре биёр ба монанди ин байзаи мурғобӣ».

Модааш гуфт:
— Ин ҷавон ҷӯраи он дурро аз куҷо ба даст хоҳад овард?

Нараш гуфт:
— Эй мӯниси ҷон, бишнав, то туро тариқи ба даст овардани он дурро баён намоям.

Модааш гуфт:
— Гӯй, то бишнавам.

Нараш гуфт:
— Дар замони собиқ дар дарёи Қаҳрамон мурғонро ватан буда ва он мурғон дурре мисли дурри он духтар падид меоварданд. Муддатест, ки он баракат аз олам бархоста ва он ҳамаи дуррҳо миёни он қисм мурғон ба дарёи Қаҳрамон ғарқ шуда. Лекин аз он ҳама дуррҳо як дурро ба дасти шоҳ Шамнон афтода буд. Шоҳ Шамнон он дурро ба ҷавоҳири бешумор ва зари бисёр дар зери дарахте мадфун сохта буд. Баъд аз чанд вақт шоҳ Шамнон фавтида мамлакати ӯ харобу нопайдо гардид ва ҷои шаҳри шоҳ Шамнон ҳамчун саҳро шуда буд. Ва он хазинае, ки малика Ҳуснбону аз зери он дарахт ёфта ба даст овард, хазинаи шоҳ Шамнон ва он дашт ҷои шаҳри шоҳ Шамнон буд. Яке аз он дуррҳо ба дасти Бурҳоншоҳи Қаёнӣ афтода. Баъд аз чанд вақт Бурҳоншоҳ низ фавтида, мулки ӯро харобӣ афтод. Ҳамаи намакҳорони Бурҳоншоҳ аз он мулк баромада, рӯ ба атрофи олам оварданд ва як зани соҳибҷамоли ӯ низ ҳамон дурро гирифта аз он ҳад берун шуд. Муддате роҳ гашта хастагӣ ӯро ғолиб омад. Билохир ба ҷое нишаста, сар ба зонуи тафаккур ниҳод ва қазоро ба сарвақти он зан гузари савдогаре афтод. Дид, ки дар канори саҳро зани соҳибҷамоле ҳамчун маҳи шаби чаҳордаҳ нишастааст. Пурсид ки:

«— Эй бечора, туро дар ин мақом чӣ кор аст?

Зани Бурҳоншоҳ ҳамаи саргузашти худро дар назди бозаргон як-як гуфт.

Шамари бозаргон он занро духтар хонда, дар сарои худ овард ва он зан аз шоҳ дар шиками худ ҳамле дошт. Ба андак вақт фарзанди нарина аз адам ба вуҷуд

пешина
аз 269
навбатӣ