Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

овард. Он писар ба синни дувоздаҳсолагӣ бирасид ва он бозаргон низ шарбати аҷалро бичашид. Раисии он диёр ба он писар расид. Аз моли бозаргон лашкари бисёре ҷамъ намуда, хазонаи шоҳонро дар тасарруфи худ овард ва аз ӯ фарзандон ба вуҷуд омада дар он мулк подшоҳӣ мекарданд. То бар замоне, ки меҳтар Сулаймон пайғамбар ба вуҷуд омаданд. Ва ҳамаи билоди рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ва ҳамаи девону париён ва тамомии навоҳии кӯҳи Қоф ва дарёи Кулзум ва ҳамаи зарҳову ҷавоҳирҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ба он меҳтари ду ҷаҳон мутеъ ва фармонбардор шуданд.

Алгараз, он дурро аз дасти зани Бурҳоншоҳ ба маротиб ба дасти Ҳашоми Сурхкулоҳ афтод ва аз дасти Ҳашом ба дасти Меҳёри Сулаймон афтодааст. Ва Ҳашому Меҳёр аз қавми париёнанд. Меҳёршоҳ дар ҷазираи Барзах аст ва девони он ҳад ба ӯ ошноии тамом доранд ва ба ӯ фармонбардорӣ менамоянд. Меҳёршоҳ бо меҳтар Сулаймон ҳамном аст ва ӯро ду духтар аст, синни онҳо ба ҳафтодсолагӣ расида.

Меҳёршоҳ аҳд кардааст, ки «ҳар касе замони пайдо шудани ин дурро баён созад, ман духтарони худро ба ӯ бидиҳам».

Аксар паризодон омада ҳеҷ кадоми эшон аз замони пайдо шудани он дурро воқиф набуда, мулзам ва маъюс гаштанд.

Меҳёршоҳ китобҳои мутақаддимонро хонда дониста буд, ки ин дурр дар фалон замон пайдо шудааст. Боз гуфт:

— Эй ёри вафодор, замони пайдо шудани он дурр ин буд, ки туро баён намудам ва ин ҷавон муддатҳост, ки ранҷи бепоён кашида мегардад. Бинобар он ин ҳама суханонро дар ин мақом ба забон овардам.

Модааш гуфт:

— Эй шоҳи биёбон, ин ҷавон чӣ гуна ба дарёи Қаҳрамон бирасад, ки роҳи ӯ зиёда пурбалост?

Нараш гуфт:

— Агар ин ҷавонро ҳаёт боқӣ бошад, бирасад ва илло, дар роҳи Қаҳрамон ҳалок хоҳад шуд.

Боз гуфт:

— Агар ба ҷониби ҷанубрӯя равад ва аз парҳои моён бо худ барад, чун ба ҳадди кӯҳи Қоф бирасад, бешаву дашти азим аз пеш хоҳад баромад ва он дашт зиёда пурофат аст, аммо дар вақти дохил шудан дар он беша парҳои сурхи моёнро сӯзонида хокистари ӯро дар об

пешина
аз 269
навбатӣ