Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
андохта ба тамомии аъзои худ бимолад, ба хотирҷамъӣ роҳ хоҳад гашт. Тамомии даррандагон ва газандагон аз ӯ хоҳанд гурехт ва сурати ин ҷавон ба монанди наррадеве хоҳад шуд. Ва аз он ҷо ки гузашт, парҳои сафеди моёнро сӯзонида хокистари ӯро дар об андохта ба тамомии бадани худ бимолад, боз ба сурати аслии худ хоҳад шуд. Чун ба ҷазираи Меҳёри Сулаймон бирасад, қавми он беша ин ҷавонро гирифта ба назди Меҳёршоҳ хоҳанд расонид ва ин ҷавон матлаби худро дар миён орад. Меҳёршоҳ низ ҳамон ҳилаи худро дар миён хоҳад овард ва хоҳад гуфт, ки «Ҳар касе замони пайдо шудани ин дурро ба ман маълум намояд, духтари худро бо ин дурр ба ӯ хоҳам дод». Ва бояд ки ин ҳама суханҳои маро ин ҷавон дар хотири худ нигоҳ дорад ва фаромӯш накунад, ки ба муроди худ хоҳад расид.
Боз модааш гуфт:
— Эй мӯниси ҷон, парҳои моён чӣ гуна ба дасти ин ҷавон дарояд?
Дарҳол нари он пари худро ҷунбонида буд, ки пари бисёре аз бадани ӯ бар замин афтод.
Ҳотам тамомии парҳоро аз замин чида бигирифт.
Боз модааш худро афшонд. Аз бадани ӯ низ пари бисёре бар замин бирехт. Ҳотам он парҳоро низ чида гирифт.
Боз модааш гуфт:
— Эй ёри ҷон, ту чӣ гуна донистӣ, ки ин ҷавон аз барои он дурр омада ихтиёри рафтани ин роҳи пурбало кардааст?
Нараш гуфт:
— Эй шоҳи паррандагон, дар қавми моён ҳар наре, ки бошад, аз кайфияти тамоми олам аз ибтидо то ба интиҳо огоҳу воқиф мебошанд. Модаҳоро ба ҷуз гӯёӣ, ҳеҷ чизе маълум набошад ва дар охируззамон ҳамаи қавми моён барҳам хӯрда, яке зинда намонад, он замон одамиёнро пардаи ҳиҷоб дар миён хоҳад афтод. Умри қавми моён дуру дароз аст.
Нутқи паррандагон то ба ин ҷо расида буд, ки субҳи оламафрӯз аз канори уфук дар ин маъдани зулмот сар баровард. Дарҳол ҳар дуи он паррандагон аз шохи он дарахт парвоз карда, ба ҷониби макони худҳо рафтанд. Ҳотам ҳамаи он парҳоро гирифта, ба ҷониби ҷанубрӯяи он дашт равона шуд. Ба ҷое расида дид, ки рӯбоҳе дар ҷое афтода даступо мезанад ва фарёд мекунад.
Ҳотам пурсид, ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё