Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ба ту чӣ зулм расида, ки ин ҳама фарёду фиғон мекунӣ?
Рӯбоҳ гуфт:
— Эй ҷавон, сайёде шавҳари маро бо бачаҳо ба ҳила гирифта буд ва ман дар фироқи эшон нолаву зорӣ мекунам. Ҳеҷ касе нест, ки ба фарёди ман бирасад ва ту, ки ба сарвақти ман омадӣ, ба доди ман мерасида бошӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй мазлум, қавми инсонӣ ҳарчанд аҳли фироқ бошанд, баъзеи эшон ҳалиму ҳоҷатбароранд. Маро, агарчанде ки аз ҷинси инсонам, дар табиат инсофу муруввати бениҳоят аст. Бигӯ, ки шавҳар ва бачагони туро сайёд ба кадом ҷониб бурда, то ман рафта онҳоро аз дасти ӯ гирифта биёрам.
Рӯбоҳ гуфт:
— Эй азиз, аз ин ҷо то ба макони ӯ ду фарсанг роҳ аст ва ҳамеша кори ӯ ҳамин аст. Намедонам, ки дар махлуқозорӣ чӣ фоида ёфтааст ва аз қаҳру ғазаби Худо чаро натарсад?
Ҳотам гуфт:
— Танаи дарахтро аз афтодани мева чӣ ғам бошад ва он сайёдро аз мардумозорӣ чӣ андеша, ки ин корро пешаи худ сохтааст. Агар маро роҳбарӣ намой, пеши он сайёд рафта, шавҳару бачагони туро халос намоям.
Рӯбоҳ гуфт:
— Эй ҷавон, бо ту ҳамроҳ равам, мабодо ки бо сайёд иттифоқ карда, маро ҳам дар қайд кашед, ҳоли ман ҳамчун ҳоли маймун шавад.
Ҳотам гуфт:
— Эй бечора, ҳоли маймун чӣ гуна буд?
Рӯбоҳ гуфт:
— Ҷуфти маймун дар бешае ошён карда буданд ва бачагони хурдсоле доштанд. Рӯзе сайёде расида нарро бо бачагони онҳо ба ҳила дар қайди сайд кашид. Агарчанде ки маймун дар миёни ҳайвонот худро ҳаромзода1 ва оқил мешуморад, чун рӯзи бад пеш ояд, гирифтори қайд мешавад.
Алгараз, он сайёд бачагони маймунро гирифта, ба шаҳр бибурд ва бифурӯхт. Модаи он дар фироқи бачагону шавҳари худ сар бар замин ниҳода нолаву зорӣ мекард ва аз ҷои худ бархоста дар пеши раиси шаҳр рафт ва арза намуда гуфт:

1 Ҳаромзода — ба маънии ҳиллагар.

пешина
аз 269
навбатӣ