Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй бузург, бачагони маро сайёд гирифта оварда. Бояд ки аз ҷониби илоҳӣ умеди хайрият карда, бачаго-ни маро гирифта бидиҳед.
Раис аз мардумон пурсид, ки:
— Бачагони инро кӣ овардааст?
Мардумон гуфтанд, ки:
— Шавҳару бачагони инро фалон сайёд овардааст.
Раис мулозими худро фармуд, ки рафта шавҳару ба-чагони инро гирифта бидеҳ.
Модаи маймун хушдил шуда, бо мулозими раис ба тарафи хонаи сайёд равона шуд ва мулозим ба дари ҳавлии сайёд расида овоз кард. Сайёд аз хона берун омад. Маймун дар фироки фарзандони худ бетоқатӣ мекард ва мегуфт: «Зуд бошанд!»
Мулозим гуфт:
— Эй маймун, лаҳзае сокит бош, то он ки доди ту-ро аз сайёд бистонам.
Маймун хомӯш шуд.
Мулозим гуфт:
— Эй сайёд, шавҳару фарзандони инро чӣ кардӣ?
Сайёд гуфт:
— Фалон рӯз ба хизмати шумо бурда фурӯхта бу-дам. Агар бетоқатӣ мекунад, шумо шавҳару бачагони инро раҳо кунед ва он дурре, ки ба ман дода будед, аз ман биситонед.
Мулозим гуфт:
— Мушкиле пеш омад, ҳоло бар феълу бар бозии онҳо одат карда машғулӣ дорам ва маро дил намеша-вад онҳоро бигузорам. Илоҷи дигаре бояд кард.
Сайёд гуфт:
— Инро низ дар қайд кашида дар назди шавҳару бачагонаш бигузорем.
Билохир чунин карданд. Раис ин ҳолро дониста дар ғазаб шуд, дигареро фармуд:
— Рафта он сайёдро бо бачагону шавҳари маймун гирифта биёр!
Дарҳол мулозим рафта сайёдро бо бачагон ва шав-ҳари маймун гирифта овард. Чун раис дид, ки бачагони маймун аҷаб махлуқе будаанд, гуфт:
— Бачагони маймунро нигоҳ доред.
Мулозимон ҳамчунон карданд. Ғами маймун садчу-нон аз аввал зиёда шуд ва дар дил мегуфт: «Аз борон гу-рехта ба новадон мубтало шудам».
Алкисса, баъд аз чанд рӯз бачагони маймун дар зери

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё