Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

қайд бимурданд ва худи он дар фироқи фарзандон нолаву зорикунон баъд аз чанд вақт ҷони ширин ба ҷонофарин таслим намуд.

— Эй ҷавон, мабодо ки мисли ҳамон маймун маро дар бало андозӣ.

Ҳотам гуфт:

— Эй бечора, хотири худро ҷамъ дор, ман аз қабили онҳо нестам, бархез маро раҳбарӣ намо ва ба он мавқеъ бирасон.

Рӯбоҳ пеш-пешу Ҳотам аз ақиби ӯ роҳ мерафтанд. Посӣ аз шаб гузашта буд, ки дар он мавқеъ расиданд. Ҳотам гуфт:

— Эй рӯбоҳ, акнун ту худро дар ҷое пинҳон кун, то ман сайёдро биҷӯям.

Дарзамон рӯбоҳ худро дар як чуқурӣ пинҳон намуд. Чунон ки офтоби оламтоб сар аз даричаи зулмонӣ берун кард, Ҳотам аз ҷои худ бархоста, ба даруни деҳа рафта хонаи сайёдро меҷуст. Билохир ба дарвозаи сайёд омада таваққуф кард. Марде аз хона сар бадар карда дид, ки ҷавони хубрӯе дар беруни дар истодааст. Ба ҷониби Ҳотам нигоҳе карда гуфт:

— Эй ҷавон, туро дар ин ҷо чӣ кор аст? Мебинам, ки аз ин диёр нестӣ.

Ҳотам гуфт:

— Бале, ман аз Яман омадаам ва маро озоре пеш омада. Ҳукамо фармуданд, ки аз хуни рӯбоҳ тамомии бадани худро бишӯй, шифои комил хоҳӣ ёфт. Шунидам, ки ту рӯбоҳу шаголро шикор мекардаӣ, бинобар ин дар ин ҷо омадам.

Сайёд гуфт:

— Эй ҷавон, чанде аз рӯбоҳ сайд кардаам, агар туро даркор аст, бигир.

Ҳотам гуфт:

— Дар назди ман биёр.

Дарҳол сайёд ҳамаи он рӯбоҳонро дар назди Ҳотам овард. Ҳотам дид, ки яке нар, дигарон бачагони вай. Дарзамон аз кисаи худ чанд динори сурх бароварда ба дасти сайёд дод ва он ҳафт рӯбоҳро гирифта аз он мавқеъ берун шуд. Дар гӯшаи саҳро расида буд, ки модаи рӯбоҳ давондавон дар пеши Ҳотам омад. Шавҳару бачагони худро дида, рақсҳо мекард ва бачагони ӯ аз ҷои худҳо бар-

1 Озор — дард, беморӣ.

пешина
аз 269
навбатӣ