Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

хоста модари худро дарёфт карда, ба канори худ бигирифтанд. Мода аз ҷои худ бархоста дар назди ҷуфти худ омад. Дид, ки шавҳараш бадҳол шуда, бар сари худ хокҳоро кашида нолаву зорӣ мекард.

Ҳотам гуфт:
— Чаро худро дар нолаву зорӣ андохтӣ?

Рӯбоҳ гуфт:
— Эй ҷавон тоҷ аз сари ман меравад.

Ҳотам гуфт:
— Туро тоҷ кадом аст?

Рӯбоҳ гуфт:
— Нашунидаӣ, мардон тоҷи сари занонанд ва ин ҷуфти маро аз гуруснагиву ташнагӣ ҷон ба лаб расида ва рамақе дар бадани ин мондааст. Қариб аст, ки ба ҳалокат бирасад. Агар ҳамин замон илоҷи ӯро намоем, зинда бимонад ва илло аз ҳаёти дунё даст хоҳад шуст.

Ҳотам гуфт:
— Чӣ илоҷ бояд кард?

Рӯбоҳ сар таҳ карда дар фикр шуд.

Ҳотам гуфт:
— Эй рӯбоҳ, чаро сар фурӯ мекунӣ; бигӯ, ки инро илоҷ намоем, то туро тоҷ аз сар наравад.

Рӯбоҳ гуфт:
— Эй Ҳотам, бидон ва огоҳ бош, агар аз ин мавқеъ рафта яке одамиро биёрӣ ва ӯро кушта хуни гарми ӯро дар даҳони ин резӣ, зинда бимонад ва илло не.

Ҳотам гуфт:
— Туро бо мардуми ин деҳа чӣ душманӣ буда ва барои шавҳари ту одамиро куштан чӣ маънист? Синфи одамӣ аз ҳамаи ҷонварон ба шарофат халқ шудааст,
ин чӣ ҳарф аст, ки мегӯйӣ? Агар туро яқин бошад, ки шавҳари ту ба он зинда шавад, дарҳол хуни гарми одамӣ пайдо карда хоҳам дод.

Рӯбоҳ гуфт:
— Албатта.

Ҳотам гуфт:
— Аз кадом узви одамӣ хун даркор аст?

Рӯбоҳ гуфт:
— Кадом узве ки бошад.

Дарҳол Ҳотам нештарро аз тирка бароварда ба раги дасти чапи худ бизад. Хун ба монандӣ об равона шуд.

Ҳотам гуфт:
— Эй рӯбоҳ, чандон ки хун даркор бошад, бигир.

Дарзамон рӯбоҳ нари худро кашола карда дар зери

пешина
аз 269
навбатӣ