Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

дасти Ҳотам оварда, хунро дар даҳони ӯ бирехт. Наррӯбоҳ хуни дасти Ҳотамро хӯрда буд, ки ба ҳол омад. Баъд аз он Ҳотам дасти худро баста гуфт:

— Эй рубоҳ, аз ман розӣ шудай ё не? Рӯбоҳи нар худро беҳтар дида бо фарзандон сари худро дар зери қадами Ҳотам гузошта дуои хайр мекард ва мегуфт:

— Эй Ҳотам, мақсади дуҷаҳонии туро муяссар бод. Билохир, рӯбоҳ Ҳотамро видоъ карда ба ҷониби ватани худ роҳӣ шуд.

Ҳотам низ рӯ ба роҳ ниҳода мерафт, шабу рӯз роҳ мепаймуд. Рӯз роҳ мегашт ва шабро дар ҷои бехавфе мегузаронид. Хӯроки вай меваҳои саҳро буд.

Баъд аз муддате ба даште расид. Чун офтоб гарм буд, дар талаби об ба ҳар сӯ нигарон буд, ки аз дур чашмае дар чашми Ҳотам намуд. Ҷониби он чашма қадам зад. Чун наздик расид, дид, ки чашма нест, балки морест, ки ҳалқа хобидааст ва аз дур чун чашмаи об менамояд. Хост, ки баргардад, ки мор бо ӯ ба сухан даромад ва гуфт:

— Эй ҷавони Яманӣ, чаро бозмегардӣ, ба чӣ кор омадай?

Ҳотам чун дид, ки мор дар сухан омад, гуфт:

— Ман ташна будам, дар талаби об омадаам. Чун туро дидам, бозгардидам.

Мор гуфт:

— Эй азиз, ҳама чиз дар ин ҷо мавҷуд аст. Хотири худ ҷамъ дор. — Ва равона шуду гуфт: — Ҳамроҳи ман биё.

Ҳотам дар дил андешид, ки... ҳарчанд ин мор сухан мегӯяд, ҳамроҳи ӯ набояд рафт, ки зиёнкор аст.

Мор чун дид, ки аз омадан дар андеша аст, гуфт:

— Эй ҷавон, ҳеҷ маяндеш ва моро ёр дон.

Ҳотам равона шуд. Мор Ҳотамро дар боге овард. Ҳотам боғро дида шод шуд ва дар дил овард, ки: «Ба ҷуз одамӣ боғро кӣ орояд?». Чун андарун шуд, чунон боғе дид, ки гоҳе надида буд, магар дар мулки париён. Дарахтони мевадору гулҳои рангоранг ва оби ҷӯи равон. Ҳотам шод шуд ва тамошокунон ба нишеман рафт.

Мор гуфт:

— Ин ҷо биншин.

Ҳотам дид, ки фарши подшоҳона андохта ва такяҳо ниҳода. Пеши нишеман ҳавзи калон сохта. Мор Ҳотамро бар он маснад нишонд ва гуфт:

пешина
аз 269
навбатӣ