Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Замоне таваккуф кун, ки бозоям — ва даруни ҳавз афтод.
Ҳотам мутаҷҷиб шуда донист, ки макони ӯ дар ҳавз аст.

Ҳотам ба тамошои боғ рафта мегардид ва мунтазир буд, ки мор бозояд. Баъд аз соате парируён хонҳои мурассаъ дар даст гирифта аз ҳавз берун омаданд ва пеши Ҳотам истоданд. Ҳотам пурсид, ки:
— Шумо кистед?
Онҳо гуфтанд:
— Хидматгорони он касем, ки туро ҳамроҳи худ овардааст ва ин ҷо нишонида рафта. Ин ҳама назди ту фиристодааст. Онҳо пур аз ҷавоҳир аст, агар қабул фармой.

Ҳотам гуфт:
— Маро чӣ даркор? Одаме ҳамроҳ надорам, ки ба ӯ бидиҳам ва чандин матоъ чӣ гуна бардошта барам?

Дар ин гуфтугӯ буданд, ки дигарон хонҳо дар даст гирифта берун омаданд. Ҳотам эшонро пурсид, ки:
— Дар ин хонҳо чист?
Гуфтанд, ки:
— Тӯҳфае ҷавоҳир аст.
Ҳотам гуфт:
— Эй моҳрӯён, ин ҳам дар назари ман ҳеҷ аст, балки ба ҷаве намеарзад.

Моҳрӯёни дигар хонҳо дар даст гирифта баромаданд. Ҳотамро салом карданд.
Ҳотам пурсид, ки:
— Дар ин хонҳо чист?
Гуфтанд:
— Таом аст.

Ҳотам шод шуд ва гуфт:
— Меҳмон ҳозир аст, аммо мизбон куҷост?
Дар ин гуфтугӯ буданд, ки хел-хел парируён аз оби ҳавз берун шуданд. Ҳотам онҳоро дида мутаҳайир шуд ва аз ҷои худ бархоста биистод. Яке аз он париён омада дасти Ҳотамро гирифта бар болои курсӣ нишонид. Баъд аз он гуфт, ки:
— Эй Ҳотам, маро мешиносӣ?
Ҳотам гуфт:
— Туро ҳаргиз надида будам.
Пари гуфт:
— Эй Ҳотам, ман ҳамон зотам, ки туро ҳамроҳи худ оварда будам.
Ҳотам гуфт:

пешина
аз 269
навбатӣ