Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй парӣ, ин чӣ шакл аст, ки чунин гаштаӣ? Кайфияти ҳоли худро ба ман маълум намой.
Парӣ гуфт:
— Эй Ҳотам, андаке сабр намо.

Дарҳол чандин қисм таом оварда, дар назди Ҳотам гузошт. Ҳотам ба хӯрдани таом мукайяд шуд ва пурсид, ки:
— Эй паризод, ин чӣ сир аст, ки аввал ба сурати мор будӣ, алҳол ба ин сурат гашта, аз оби ҳавз берун шудӣ?

Парӣ гуфт:
— Эй Ҳотам, ман дар асл паризодам. Шамсшоҳ ном маро падаре буд ва худ ном Афрасшоҳ дорам. Дар аҳди меҳтари Сулаймон азми рӯи замин карда, дар боғе фуруд омадам. Обу ҳавои он макон маро хуш омад. Дар хотирам гузашт, ки «фардо бо тамоми лашкари худ омада, ҷинси инсониро аз ин макон беҳ канда ба қатл расонам ва ин мулкро аз худ созам» ва ба тамомии қавми худ фармудам, ки фардо тайёрии худро намоед. Алассабоҳ бо қазми инсонӣ ҷанги қаттол хоҳам намуд.

Ҳамаи қавм гуфтанд:
— Фармонбардорем.

Чун шаб шуд, дар хоб рафтам. Рӯзи ҷаҳонафрӯз дар ин олами зулмонӣ сар бадар кард. Дидам, ки ҳамаи қавмро пар рехта ва маро сурат табдил ёфта, ба шакли мор гаштаам. Рӯз дар замин ғалтида, шаб овезон мешудам. Ҳарчанд тавбаву зорӣ менамудам, овозе ба гӯши ман мерасид, ки «Касе аз аҳду паймони худ баргардад, ӯро ҳамин ҳол пеш ояд». Баъд аз дере овозе ба гӯши ман расид, ки: «Эй надоматкунанда, чанд рӯзе ба сабру таҳаммул кӯшӣ, ки подшоҳзодаи Яманро гузар ба сарвақти ту афтад ва дуое дар ҳаққи ту хоҳад кард ва ба сабаби дуои он бузург ба сурати аслии худ хоҳӣ омад». Муддати ҳаштод сол ба сурати мор будам ва муддати си сол дар ин дашт ба роҳи ту интизорӣ мекашидам. Худоро шукр, имрӯз ту ба сарвақти ман расидаӣ. Донистам, ки ту Ҳотам подшоҳзодаи Яманӣ, бинобар он туро хизмат варзидам. Намедонам, ки туро мақбул шуда бошад, ё не. Агар дуои хайр дар ҳаққи мани бечора намоӣ ва маро аз ҳамаи ғамҳо озод гардонӣ, аз ҷумлаи мурувват ва саховат хоҳад буд. Агар кӯтоҳие аз ман ба зуҳр омада бошад, амр намо, ки ба маросими хизматгориву ҷонсупорӣ иқдом намоям.

Ҳотам гуфт:

пешина
аз 269
навбатӣ