Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй парӣ, ин аҳд аз кадом ваҷҳ буд, ки нуқси он намудай ва ба ин ҳол мубтало шудӣ?
Паризод гуфт:
— Эй азиз, дар замони меҳтар Сулаймон обову аҷдоди моён аҳду паймон карда буданд, ки моён ва авлоди моён то ба қиёми қиёмат аз одамиён касеро наранҷон_ем ва агар аз ҷинси паризодон яке аз одамиёнро ранҷонанд ва қасди мулки эшон кунанд, сурати ӯ бадал шавад. Ва аз он рӯз то ба имрӯз аз қавми паризодон ҳеҷ одамеро наранҷонидаанд. Ва мардумозорӣ накардаанд, магар мани рондаи даргоҳ, ки дар хотир овардам озори одамиёнро. Ин ҳол маро пеш омад. Эй шоҳ дар ҳузури ту ба сидки дил тавба созам, минбаъд инчунин хаёли фосидро дар хотир наёрам. Эй азиз, дуои хайр дар ҳаққи ман ва қавми ман намо, ки маро сурати аслӣ ва қавмро пару бол барқарор гардад.
Ҳотам аз ҷои худ бархост ва ғусл карда сар бо саҷда гуфт:
«Илоҳо, тавбаи ин бандагонатро иҷобат фармо, то аз даргоҳи ту ноумед нараванд». Дарҳол дуои Ҳотам мақбул шуда он паризод ба сурати аслии худ омада ҳама қавми ӯро пару бол баромад. Алкисса паризод гуфт:
— Эй шоҳ, маро рост бигӯ, ки қасди куҷо дорӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй парӣ, мехоҳам, ки ба ҷазираи Барзах биравам.
Ва он сурати дурр, ки аз нукра сохта бо худ оварда буд, ба Афрасҳоҳ нишон дод.
Афрасҳоҳ гуфт:
— Монанди ин дурр дар ҷазираи Барзах ба дасти Меҳёри Сулаймон аст, аммо шарте дар миён оварда, ки ҳар кас ибтидо ва замони пайдо шудани он дурро гӯяд, он дурро бо духтари худ ба он шахс бидиҳад. Ту дар он ҷо чӣ гуна хоҳӣ расид, дар роҳи ӯ балову офат бисёр аст ва инсоне нест, ки дар он ҷо ба саломат бирасад.
Ҳотам гуфт:
— Ҳарчӣ бодо бод, ихтиёри рафтани он ҷоро ҷазм кардам.
Афрасҳоҳ боз гуфт:
— Эй Ҳотам, дар роҳи ӯ девони одамхор бисёранд.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, парвардигор нигоҳбони ман аст.
Шоҳи париён гуфт:
— Эй Ҳотам, хотир ҷамъ дор, чанде аз навкарони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё