Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
худро фармоям, туро ба ҷазираи Барзах раҳбарӣ намоянд.
Ин гуфта рӯ ба ҷониби мулозимони худ карда гуфт:
— Эй қавм, ба шарофати ин ҷавон аз балои азим наҷот ёфтанд ва ин ҷавонро кори мушкиле пеш омада, шумоёнро лозим аст, ки аз барои ин ҷавон ҷони худро фидо намоед.
Паризодон гуфтанд:
— Эй шоҳ, фармонбардорем, аммо матлаби ин ҷавонро бигӯед, то маълуми моён шавад.
Шоҳ гуфт:
— Ин ҷавон иродае ба ҷониби ҷазираи Барзах дорад.
— Эй шоҳ, ба ҷазираи Барзах расидани моён аз ҳар чӣ мушкилтар аст, — гӯён паризодон сар фурӯ бурданд.
Баъд аз соате сар боло карда гуфтанд:
— Эй шоҳ, агар худи шумо бо моён ирода намоед, то бо девон ҷанг воқеъ шавад, ҳамаи моён ҷонбозӣ карда, дар зери қадами шумо ҷон хоҳем дод. Лекин дар ин роҳ бе шумо ҳеҷ коре натавонем кард.
Шоҳ гуфт:
— Некӯ бошад. Аммо дар ин муддати мадид салтанату подшоҳӣ барҳам хӯрда, маро рафтан осон нест. Шумоён бо ин ҷавон ҳамроҳ равед, агар дар роҳ бо девон ҷанг воқеъ шавад, ба ин ҷониб қосид фиристонед, албатта худро ба шумоён хоҳам расонид.
Дарсоат подшоҳ хазинадоронро фармуд, ки курсии зарандуде биёред. Мулозимон курсии зарандуде оварданд. Шоҳ фармуд, ки Ҳотамро бар болои курсии заррин нишонида, чаҳор паризод курсиро дам ба дам барҳаво баранд.
Алкисса, чаҳор паризод курсиро бардошта ба рӯйи осмон равона шуданд. Баъд аз чаҳор шабонарӯз курсиро дар ҷое фуруд оварданд, ки дар он мақом деве буд.
Паризодон аз он дев воқиф набуданд. Паризодон бо якдигар гуфтанд, ки:
— Муддати чаҳор шабонарӯз аст, ки чизе нахӯрдаем. Бояд, ки дар ин мақом муддате ором гирифта, чизе бихӯрем.
Ҳотам гуфт:
— Беҳтар бошад.
Чанде аз эшон дар пеши Ҳотам нишаста, дигарон барои хӯрдан рафтанд. Чанде аз девон ба шикор баромада буданд. Ногоҳ гузори эшон ба сарвақти Ҳотам афтод.
Диданд, ки одамизоде бо як парӣ бар болои курсие нишастааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё