Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дарҳол ҳамаи он девон гирдогирди курсиро гирифта ғавғое барпо карданд, ки дар ин мақом одамизод пайдо шудааст. Паризодон хостанд, ки Ҳотамро монда бигрезанд, роҳи гурез наёфта ба ҷанг пайвастанд. Чанде аз девонро кушта билохир ба дасти девон асир гаштанд. Дарзамон девон курсии Ҳотамро бардошта ба макони худҳо бурданд ва аз паризодон пурсиданд, ки:
— Ин одамизодро ба куҷо мебаред?
Паризодон гуфтанд, ки:
— Эй девон, ин одамизод дӯсти Афрошюҳ аст, албатта инро маёзоред, ки ба балои бад гирифтор хоҳед шуд.
Девон гуфтанд:
— Афрошюҳ чанд вақт аст, ки аз миёни қавми худ ғоиб шудааст.
Девон қавли паризодонро қабул накарда ҳамаи эшонро дар қайд кашиданд ва гуфтанд:
— Баъд аз хӯрдани таом ин одамизодро хоҳем хӯрд.
Он паризодон, ки барои хӯрдани рафта буданд, омада диданд, ки чанде аз девон Ҳотамро бо посбонон рабудаанд, ба якдигар гуфтанд, ки:
— Ба зудӣ ин корро ба таҳқиқ расонида, Афрошюҳро огоҳ гардонем.
Билохир наздики мурдаи девон омада таҳқиқ карданд, як деверо ҷон дар рамак монда. Дар гулӯи ӯ об чаконида буданд, ки ба худ омад. Аз вай пурсиданд:
— Ту кистӣ ва дар ин мақом чӣ ҳодиса шуд?
Дев гуфт:
— Эй париён, ман аз мулозимони Макрасшоҳи девам. Чанде аз девон ба шикор баромада будем. Нигоҳ дар ин ҷо расида дидем, ки як одамизоде бо чанд паризод нишастааст. Қасди гирифтани эшон намуда будем, он паризодон бо моён дар ҷанг шуда чанде аз девонро ба қатл расониданд. Билохир девон эшонро дар қайд кашида бурданд.
Дарҳол паризодон он деви захмдорро бардошта дар ду шабонарӯз ба дари боргоҳи Афрошюҳ расиданд ва фарёд кашиданд.
Шоҳ дид, ки чанде аз париён омада ба дари боргоҳ фарёд бароварданд, фармуд, ки андарун биёред. Ҳоҷибон рафта эшонро дар пеши Афрошюҳ оварданд.
Шоҳ пурсид, ки:
— Шумоёнро чӣ зулм расида?
Паризодон он деви захминро манзури шоҳ карданд.

пешина
аз 269
навбатӣ