Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Шоҳро ғазаб муставлӣ шуда фармуд, ки вазирон лашкар ороста гардонанд.
Дарҳол вазирон лашкари бисёре ороста гардониданд. Алассабоҳ шоҳ бо сӣ ҳазор лашкар савор шуда, баъд аз се рӯз дар он макон расид. Ҷосусонро фармуд, ки:
— Рафта, аз девони нобакор хабар биёред.
Ҷосусон рафта хабар оварданд ва гуфтанд:
— Эй шоҳ, Макраси дев бо мулозимони худ дар шикор аст.
Афрасшоҳ фармуд, ки:
— Эй мулозимон, сӣ ҳазор лашкар ба якбора маркаб барангезед, қасам ба номи меҳтар Сулаймон медиҳам, ки ба девон раҳм накунед ва илло пӯст аз косахонаи сари шумоён хоҳам кашид!
Аз ин фармони шоҳ дар ситез шуда, сӣ ҳазор лашкар якбора худҳоро дар хайли девон зада дар кашокашӣ афтоданд. Девон саросема шуда, сарукори худҳоро гум карда буданд. Паризодон чунон ба ҷанги девон пайвастанд, ки ҳамаи аҳли олам офаринҳо мекарданд. Сар чун гӯе, даст чун чавгон дар маҳракаи майдон аз зарби теғи диловарон рақскунон афтодан гирифт. Охируламр девонро мунҳазим карда¹, баъзеро баста ба хизмати шоҳ оварданд. Дарҳол шоҳ фармуд, ки:
— Ҳамаи бандиёнро қатл намоед.
Худи Макрасро дар назди худ талабида гуфт:
— Эй малъун, намедонистӣ, ки Афрас зиндааст, ба мулозимонаш чӣ гуна озор расонам, ки ӯ маро қасос карда интиқом хоҳад гирифт? Акнун бигӯ, ки одамизодро чӣ кардӣ?
Дев гуфт:
— Эй шоҳ, ҳамон замон ӯро хӯрда будам.
Афрасшоҳ гуфт:
— Эй малъун, шумоён дар назди меҳтар Сулаймон аҳд накарда будед, ки: то ба қиёми қиёмат ба ҷинси одамӣ зарар нарасонем ва аз ҷинси одамӣ ҳеҷ нахӯрем.
Дев гуфт:
— Сулаймони пайғамбар дар куҷост, аз умматони ӯ ҳеҷ касе дар олам нест, ки моро сазо бидиҳад.
Афрасшоҳ гуфт:
— Эй паризодон, ҳемаи бисёре ҷамъ карда ва ин малъунро дар оташ бисӯзонед. Паризодон дарҳол ҳемаи
¹ Яъне: гурезонда, мағлуб карда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё