Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

бисёре ҷамъ карда ва Макрасро дар миёни хирмани ҳема гузошта аз ҷаҳор тараф оташ афрӯхтанд.

Макраси дев дид, ки дар миёни хирмани оташ хоҳад сӯхт, дарзамон гуфт, ки:

— Эй паризодон, агар одамизодро бо он париён ҳозир гардонам, маро хоҳед гузошт?

Мулозимон ин каломи девро ба Афрасшоҳ расониданд.

Шоҳ гуфт:

— Эй Макрас, мову ту аз як ҷинсем. Агар одамизодро бо он париён оварда бидиҳӣ, дар миёна ҳеҷ адовате нахоҳад монд ва туро аз ин нори сӯзон наҷот хоҳем дод.

Макрас гуфт:

— Эй шоҳ, агар ба номи меҳтар Сулаймон қасам дар миён орӣ.

Афрасшоҳ гуфт:

— Албатта!

Алкисса, Макрас гуфт:

— Одамизод бо он паризодон дар фалон чоҳ маҳбусанд.

Дарҳол паризодон рафта Ҳотамро бо он париён аз чоҳ берун карда дар назди шоҳ оварданд.

Афрасшоҳ Ҳотамро дар канор гирифта навозишҳо бинамуд ва бар болои тахти худ нишонда гуфт:

— Эй бародар, пештар туро маълум намуда будам. Дар ин роҳ девони одамхор бисёранд.

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ, фарзанди одам сарнавишти худро хоҳад дид.

Баъд аз он Афрасшоҳ гуфт:

— Эй мулозимон, Макраси девро дар миёни анбори ҳема гузошта оташ диҳед, ки ӯро раҳо кардан аз ҳикмат нест ва ӯ мӯҷиби озори аҳли олам аст ва девони дигарро танбеҳу ибрат хоҳад шуд ва эшон аҳди меҳтар Сулаймонро нахоҳанд шикаст.

Макрас гуфт:

— Эй шоҳи паризодон, аҳди меҳтар Сулаймонро дар миён овардӣ ва аҳди худро куҷо кардӣ?

Афрасшоҳ гуфт:

— Эй нодон, ту дар ҳузури меҳтар Сулаймон аҳду паймон баста ва он аҳдро куҷо фиристодӣ ва ба забони худ иқрор намудӣ, ки одамизодро хурдаам. Алҳол бо зӯрии чӯбу оташ иқрор намудӣ ва дар ботини худ нигоҳ доштӣ ва ман низ нӯкси аҳд кардам, ки ту барин нобакори

пешина
аз 269
навбатӣ