Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

мардумозорро гузоштан ва амон додан айни хатост.

Ин гуфта фармуд, ки:

— Эй мулозимон, Макрасро бо навкарони ӯ дар миёни анбори хема гузошта оташ диҳед.

Мулозимон дарҳол ҳамчунон карданд ва Макрасшоҳ бо навкарон дар миёни хирмани оташ фарёдкунон ҷон ба молики дӯзах супориданд.

Баъд аз он Афрасшоҳ мамлакати девонро ба яке аз париён тафвиз намуда гуфт:

— Аз ин мулки девон бохабар бошӣ.

Афрасшоҳ ба Ҳотам рӯ оварда гуфт:

— Эй Ҳотам, туро мурод чист?

Ҳотам гуфт:

— Эй шоҳ ба ҷониби ҷазираи Барзах хоҳам рафт.

Афрасшоҳ ба ҷониби паризодон нигоҳ карда гуфт, ки:

— Эй париён, дар миёни шумоён куҳансоле бошад, ки ин ҷавонро ба ҷазираи Барзах расонад?

Чаҳор паризод аз ҷои худҳо бархоста гуфтанд, ки:

— Агар илтифоти шоҳи олампаноҳ шавад, ин хизматро моён ба ҷой хоҳем овард.

Афрасшоҳ, «хуб аст», гуфта Ҳотамро бо он паризодон рухсат намуд ва он паризодон Ҳотамро бар болои курсие нишонида, бар рӯи ҳаво дар парвоз даромаданд.

Алғараз, бад-ин тартиб бисту як рӯз роҳ рафтанд. Баъд аз он бар болои кӯҳе фуруд омада диданд, ки як паризоди соҳибҷамол нишаста ва нолаву зорӣ мекунад. Овози гиряи ӯ ба гӯши Ҳотам расид.

Ҳотам гуфт:

— Эй париён, ин овози кист, ки дар ин мақом нолаву зорӣ мекунад.

Париён гуфтанд:

— Моёнро аз ҳоли ӯ огоҳе нест.

Дарзамон Ҳотам аз ҷои худ бархоста дар паи он овоз равона шуд. Дар ҷое расида дид, ки ҷавони хубрӯе сар ба зону ниҳода нолаву зорӣ мекунад.

Ҳотам гуфт:

— Эй ҷавон, туро чӣ зулм расида, ки ин ҳама нолаву зорӣ мекунӣ?

Паризод сар аз зону бардошта дид, ки одамизоде ба сарвақти ӯ омада.

1 Тафвиз — супурдан, додан.

пешина
аз 269
навбатӣ