Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Гуфт:
— Эй ҷавон, чаро дар ин маконҳо омадай ва туро дар ин ҳад кӣ овард?
Ҳотам гуфт:
— Маро дар ин мақомҳо худои таоло овард.
Паризод гуфт:
— Бесабаб нахоҳад буд, бигӯ ки мӯҷиби омадани ту дар ин ҷо чист?
Ҳотам гуфт:
— Эй паризод, ман барои дурри мурғобӣ омадаам ва он дурр дар назди подшоҳи ҷазираи Барзах будааст.
Паризод гуфт:
— Эй одамизод, ба даст овардани он дурр маҳол аст, чаро ки подшоҳи он ҷазира замони пайдо шудани он дурро савол мекунад. Дар ин олам ҳеҷ махлуқе нест, ки замони пайдо шудани он дурро донад ва саволи подшоҳи ҷазираро ҷавоб гӯяд. Маро, ки мебинӣ, аз ҷинси паризодон, подшоҳзодаи ҷазираи Тумонам, аз тамомии олам хабар дорам, саволи подшоҳи он ҷазираро ҷавоб натавонистам гуфтан. Ту чӣ гуна ӯро ҷавоб мегуфта бошӣ?
Ҳотам гуфт:
— Эй паризод, бигӯ, ки туро чӣ алам расида, ки дар ин кӯҳ нолаву зорӣ мекунӣ?
Паризод гуфт:
— Эй ҷавони одамизод, ман ба духтари подшоҳи ҷазираи Барзах ошиқу мубтало шуда, аз фироқи ӯ нолаву зорӣ мекунам ва номи падари ман Шохмеҳр аст ва номи ман шаҳзода Мехровар аст. Рӯзе дар маҷлиси умаро нишаста будам, баъзе аз эшон забон дар авсофи духтари шоҳи ҷазираи Барзах кушоданд, он ҳама тавсиф карданд, ки ғойбона ошиқи ҷамоли бокамоли ӯ гаштам. Алғараз, ирода ба ҷониби ҷазираи Барзах оварда, ба дари боргоҳи шоҳи он ҷазира расида, духтари ӯро хостам. Шоҳи ҷазира маро бар болои нимтахт нишонида, дар пеши ман дурреро биниҳод ва гуфт:
«— Эй шаҳзода Мехровар, замони пайдо шудани ин дурро бигӯ, ки ин дурр дар кадом дарё ва дар кадом замон пайдо шудааст?»
Ман замони пайдо шудани он дурро намедонистам ва аз кайфияти он дурр огоҳ набудам, балки бузургони ман ҳам намедонистанд ва аз ҷавоби саволи шоҳи он ҷазира оҷиз омадам. Дарзамон фармуд, мулозимони ӯ маро аз он маҷлис дур карданд. Ҳангоме ки аз дари боргоҳи шоҳ берун шудам, дидам, ки он духтар бар болои қасри худ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё