Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

баромада оламро тамошо мекунад ва ин чашмони хунрези ман ба рӯи дилсӯзу ошиқкуши ӯ афтод ва новаки дилсӯзи ӯ бар ҷигарам халида мурдавор беҳуш афтодам. Баъд аз дере ба ҳуш омада дидам, ки он оламсӯзи фитнаангез худро дар паси парда кашидааст. Ночор аз он ҷо бархоста ва ин ҷониб омадам. Муддатест, ки дар ин мақом нолаву зорӣ мекунам, ки:
Ё ҷон расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.

Ҳотам гуфт:
— Эй ҷавон, хотири худро ҷамъ дор, иншоаллоҳ замони пайдо шудан ва кайфияти он дурро гуфта духтари шоҳи ҷазираро бар ту гирифта хоҳам дод.

Паризод хандида гуфт:
— Эй одамизод, чӣ мегӯӣ? Магар кӯдакам, ки маро бозӣ медорӣ?

Ҳотам гуфт:
— Эй паризод, ман кайфияту замони пайдо шудани он дурро беҳтар медонам. Агар бо ман ҳамроҳ равӣ, хоҳӣ шунид. — Боз гуфт:
— Эй шоҳзода, он дурр аз батни садаф нест¹, балки байзаи мурғобист ва он ҷазира аввал мақоми одамиён буд. Алҳол макони паризодон шуда. Эй паризод, бархез бо ман рафоқат намо, то туро ба матлаб расонам.

Паризод андак нишоне шунида буд ва дар қадами Ҳотам афтод. Ҳотам рӯ ба ҷониби паризодон карда гуфт:
— Шумоёнро қуввати он ҳаст, ки ҳардуи моёнро бардоред?

Паризодон гуфтанд:
— Оре.

Билохир, Ҳотамро бо шаҳзода Мехровар бар болои курсӣ нишонида, курсӣро бардошта мерафтанд. Дар миёни роҳ мақоми девон буд. Дар димоғи эшон бӯи Ҳотам расида, сарҳанги² девон гуфт:
— Париён бар болои курсӣ шахсеро ниҳода мебаранд. Бояд, ки ҳамаи онҳоро гирифта дар назди ман биёред.

Дарзамон девон рафта париёнро бо ҳамроҳии Ҳотам гирифта дар назди сарҳанг оварданд. Манколи дев дид, ки Ҳотам бо ҳамроҳии як паризод бар болои курсӣ нишастааст ва чаҳор паризоди дигар ҳаммолони он курсӣ. Пурсид, ки:

1 Яъне: аз садаф набаромадааст.
2 Сарҳанг — сарлашкар.

пешина
аз 269
навбатӣ