Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Эй париён, рост гӯед, аз куҷо омадед ва ин одамизодро ба куҷо мебаред?

Париён гуфтанд:
— Эй Манкол, моён мулозимони Афрасшоҳем.

Дев гуфт:
— Эй париён, муддати мадид аст, ки Афрасшоҳ аз миёни қавми худ ғоиб гашта, парҳои қавми ӯ рехта буд.

Париён гуфтанд:
— Моён аз қавми ӯем ва аз баракати дуои ин одамизод ба сурати аслӣ омадаем.

Манкол боз гуфт:
— Ин одамизодро куҷо мебаред?

Париён гуфтанд:
— Ба ҷазираи Барзах мебарем.

Дев боз гуфт:
— Ин паризодро ном чист?

Шаҳзода гуфт:
— Эй дев, маро намешиносӣ ва фаромӯш кардаӣ? Ман шаҳзода Мехровар, подшоҳзодаи ҷазираи Тумонам.

Дев гуфт:
— Эй шаҳзода, ту ба ватани худ бирав, ин одамизодро хоҳам хӯрд.

Шаҳзода гуфт:
— Эй Манкол, гуфтаи меҳтар Сулаймонро фаромӯш кардаӣ, ки мардумозорӣ дар хотир овардӣ?

Дев гуфт:
— Меҳтар Сулаймон дар куҷост? Ин одамизодро ҳаргиз магзорам, ки аз ин ҷо равад ва даҳони худро ба гӯшти ин намакин хоҳам кард.

Шаҳзода дид, ки дев пурҷаҳл аст, гуфт:
— Эй Манкол, ба хӯрдани як одамӣ туро чӣ ҳосил ояд? Ба ивази ӯ туро даҳ одамизод оварда бидиҳам.

Дев гуфт:
— Хӯб аст, гуфтаи туро қабул намудам.

Шаҳзода гуфт:
— Эй Манкол, бояд ки ин одамизодро ба ҷое нигоҳ дорӣ ва озор нарасонӣ, ки он дӯсти ҷони ман аст. Зуд рафта ивази инро хоҳам овард.

Манкол гуфт:
— Бидав ва ин одамиро дар ҷои худ бигузор.

Дар мақоми девон ҷаҳорбоғе буд. Шаҳзода гуфт:
— Маро ин ҷаҳорбоғи ту хуш омадааст, ин дӯсти худро дар он ҷаҳорбоғ хоҳам гузошт.

Дев гуфт:

пешина
аз 269
навбатӣ