Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Некӯ бошад.
Алкисса, Ҳотамро бо чанде аз девони посбон дар он чаҳорбоғ гузошта худ бо рафиқон берун шуд ва парвоз-кунон ба рӯи ҳаво мерафт. Баъд аз соате ба ҷое фуруд омада, бо рафиқони худ машварат кард, ки:
— Агар ба вилоят равам ва лашкар биёрам, дер хоҳад шуд. Беҳтар аст, ки мунтазир бошем ва нигаҳбононро ғофил ёфта, Ҳотамро аз ин мақом берун орем. То ба вақти дамидани субҳ чанд фарсанг роҳ хоҳем рафт. Ин маслиҳат ба рафиқон нек афтод ва гирдогирди он боғро гашта мепоиданд ва нигаҳбононро ҳеҷ хатар дар хотир набуд, ки париён Ҳотамро дуздида мебурда бошанд. Аксари эшон дар шикор, баъзеи эшон дар хоб, баъзе онҳо гургу хукро сайд карда, дар гирди он боғ пухта ба хӯрдани гӯшту кабоб машғул буданд. Ба ҳадде ки аз гӯшти гургу хук хӯрдан эшонро хоб ғолиб омада, ҳамчун мурда бар замин ғалтидан гирифтанд.

Париён вақти худҳоро ғанимат ёфта, Ҳотамро аз он боғ гирифта дар ҳаво шуданд.
Ҳотам гуфт:
— Эй париён, агар девон хабардор шаванд, чӣ бояд кард?
Париён гуфтанд:
— Эй Ҳотам, вақте ки моён дар ҳаво шавем, девон асари моёнро нахоҳад дид. Чӣ ҷои он ки девон аз паи моён бирасанд.

Паризодон Ҳотамро бар болои курсӣ нишонида дар ҳаво шуданд. То ба вақти баромадани офтоб сад фарсанг роҳ рафтанд. Девон хабардор нашуданд, ки одамизодро паризодон бурдаанд. Девон боғро нигаҳбонӣ менамуданд, паризодон курсии Ҳотамро бардошта роҳ тай менамуданд. Рӯзона дар ҷойҳои бехавф фуруд омада осоиш намуда обу таом мехӯрданд.
Инҳоро дар рафтан гузошта чанд калима аз девон шунавем.

Манқол чун дид, ки мӯҳлати ваъда ба охир расиду шаҳзода наомад, ба мулозимон фармон дод, ки:
— Рафта одамизодро биёред, имрӯз нӯши ҷон хоҳам намуд.
Чанде аз мулозимони ӯ рафта диданд, ки одамизодро аз он ҷо париён гирифта бурдаанд.
Дарзамон ба Манқол расониданд, ки:
— Эй шоҳ, одамизод аз он боғ ғоиб шудааст. Манкол

пешина
аз 269
навбатӣ