Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

ба посбонон ғазаб карда гуфт, ки одамизодро худи шумоён хурдаед.

Девон гуфтанд, ки эй шоҳ, моёнро аз одамизод ҳеҷ хабар нест.

Манқол гуфт, ки:

— Эй мулозимон, ҳамаи ин сагонро дар қайд кашед.

Дарҳол мулозимон чунин карданд. Ҳарчанд ки посбонон қасами меҳтар Сулаймон дар миён оварданд, Манқол бовар накард.

Алкисса, паризодон ба машаққати бисёре Ҳотамро гирифта ба канори дарёи Қаҳрамон расиданд. Яке аз мулозимони Манқол ба канори дарёи Қаҳрамон рафта буд, дид, ки паризодон одамизодро гирифта ба канори дарёи Қаҳрамон расиданд. Хост, ки Ҳотамро гирифта бар ҳаво шавад. Шоҳзода Меҳровар аз ин ҳол огоҳ шуда теғе аз наём бароварда ба дасти он дев чунон зад, ки аз китфи он қалам шуда бар замин афтод ва дев мегуфт:

— Аз барои як одамизод аз дасти худ ҷудо шудам ва девони ин ҷазираро хабар расонида мегӯям, ки париён одамизодро гирифта гурехта мераванд.

Шоҳзода гуфт:

— Эй дев, ту аз кадом пардай?

Дев гуфт:

— Аз пардаи Манқол.

Шоҳзода гуфт:

— Эй дев, рафта ба Манқол бигӯ, ки одамро ман овардам. Боз ҳавои одамхорӣ дар хотир дошта бошад, пардаи ӯро тороҷ намуда, ба хоки сиёҳ яксон хоҳам кард. Чунон ки Афросиёб дар ҳаққи Макраси дев кард, ман низ ҳамон кунам. Дев ин ҳама суханҳоро шунида ва дасти худро бой дода, дар ҳаво шуд. Паризодон низ аз он ҷо парвоз карда, ба ҷое расида Ҳотамро дар он ҷо гузоштанд ва гуфтанд:

— Эй бузург, аз ин пеш рафтан моёнро ҳад нест. Бояд, ки аз ин ҷо моёнро рухсат фармуда, худ биравӣ.

Ҳотам гуфт:

— Эй бародар, раво надорам, ки аз ҷиҳати ман ба ту ранҷе бирасад. Аммо медониста бошӣ, ки аз ин роҳ чӣ гуна гузашта мешавад?

Шоҳзода гуфт:

— Эй азиз, ғайр аз дев ҳеҷ касро ҳадди он нест, ки аз ин дашт бигзарад ва агар паризодонро аз ин дашт гузар афтад, девони ин биёбон эшонро бараҳнаву луч месозанд.

пешина
аз 269
навбатӣ