Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар мард аст, мекушанд, агар зан аст, улфату рағбат мекунанд, паризод аз бӯи бади эшон ҷон медиҳад. Дар замони пеш як маротиб паризодон бо лашкари бекарон омада порае аз девони ин даштро ба қатл оварданд ва худҳои эшон кушта шуданд. Боз паризодон сулҳ дар миён оварданд ва гуфтанд, ки минбаъд якдигарро наранҷонем ва одамизоде, ки дар ин маконҳо ояд, зинда нагзорем.
Боз гуфт:
— Эй Ҳотам, девони ин макон инчунин ҳаромзодагӣ дар хотир доранд.
Ҳотам гуфт:
— Эй шаҳзода, агар ба сурати деве шавам, аз ин биёбон саломат хоҳам гузашт ё не?
Шаҳзода гуфт:
— Саломат хоҳӣ гузашт.
Ҳотам парҳои сурхи ҷонваронро дар оташ сӯзонида хокистари онро дар об андохта, ба бадани худ молида буд, ки дарзамон омосе дар бадани ӯ пайдо шуда ҳамчун ангишт сиёҳ гашт. Баъд аз соате ғал зада ба сурати нарадеве шуда аз ду тарафи сараш ҳамчун манорае ду шохи пуртумтароқе баровард.
Шаҳзодаро дар дил ҳаросе афтод ва гуфт:
«Аҷаб одамизодест, ки агар хоҳад тамомии девони кӯҳи Қофро пора-пора гардонад ва бо ин сурат дар назди Меҳёри Сулаймон равад, духтари худро бе саволу ҷавоб хоҳад дод».
Алкисса, Ҳотам чанд қадам роҳ рафта буд, ки ҳамаи даррандагону газандагон ва паррандагон Ҳотамро дида дар гурез шуданд.
Шаҳзода Меҳровар гуфт:
— Эй бародар, инчунин парҳои бахосияти ҷонваронро аз куҷо ёфтӣ ва боз ба сурати аслӣ чӣ гуна хоҳӣ шуд?
Ҳотам гуфт:
— Эй шаҳзода, ин ҳама парҳо пари он мурғон аст, ки байзаи эшон дурр шуда, ба дасти Меҳёри Сулаймон ва малика Ҳуснбону афтода — ва ҳамаи ҳикояти худро ба шаҳзода баён намуд.
Шаҳзода гуфт:
— Эй Ҳотам, офарин бод! Ин ҳама корҳо, ки дар арсаи офок ту кардай, умед аст, ки кори маро низ ба субут расонӣ.
Аммо Ҳотам ҳақиқати пайдо шудани он дурро ба шаҳзода нагуфт, ки «мабодо пештар рафта кори худро

пешина
аз 269
навбатӣ