Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ба итмом расонад ва ман аз пайдо кардани он дурр маҳрум бимонам ва ин ҳама меҳнатҳои ман зоеъ шаванд».

Алкисса, рӯ ба роҳ ниҳода равона шуд. Шаҳзода низ дар миёни замину осмон дар парвоз буд.

Тамомии ҷондорони он биёбон сурати Ҳотамро дида мегурехтанд ва девонро низ ҳарос дар дил афтода музоҳим намешуданд. Шаҳзода Меҳровар бар болои сари Ҳотам ҳамчун уқоби тезпар мерафт. Ҳангоми шаб дар як ҷо мебуданд. Чун рӯз шавад дар баробари якдигар роҳ гашта мондагӣ ғолиб омада дар хоби фароғат фурӯ монданд.

Ногоҳ аз девон яке бар сари эшон даргузар шуда дид, ки ду кас хобидаанд. Ба худ гуфт, ки:

«Ҳардуи инҳоро гирифта дар пеши шоҳ барам». Деви дигаре он ҷо расид ва гуфт:

— Эй бародар, туро чӣ зарар расида, ки инҳоро озор медиҳӣ. Инҳо низ аз қавми моёнанд. Ҳоҳ дев бошаду хоҳ парӣ бошад, шояд ки аз барои эҳтиёҷе дар ин мақом омада бошанд.

Шаҳзода бедор шуду гуфтугӯи девонро шунид. Яке аз девон гуфт:

— Бедор карда пурсем, ки эшон аз кадом парда бошанд?

Дигаре гуфт:

— Туро бо пардаи эшон чӣ кор?

Он дев гуфт:

— Магар туро тарс аз Сулуксар нест, ки ин ҳама муҷодала мекунӣ. Яке аз девон гӯяд, ки дар фалон саҳро як дев бо як парӣ хобида буд, фалон-фалон девон дар назди эшонон рафта буданд. Он вақт чӣ ҷавоб хоҳӣ гуфт ва ҳоли моён дар он вақт чӣ хоҳад шуд?

Алкисса, девон ҳардуи онҳоро бедор карда буданд, ки Ҳотам аз ҷои худ бархоста ба забони девон бо онҳо такаллум кард ва гуфт:

— Эй девон, аз роҳи дур омада дар ин мақом хобидаам ва боиси бедор кардани шумоён чист?

Девон гуфтанд:

— Ту аз кадом пардай?

Ҳотам гуфт:

Шумоён нашунидаед, ки Афраслоҳи паризод пайдо шуда Мақрасро бо қавму қабоили ӯ дар оташ андохта сӯзонид ва макону мамлакати ӯро дар тасарруфи худ дароварда, яке аз мулозимонро дар он ҷо гузоштааст.

Девон гуфтанд:

пешина
аз 269
навбатӣ