Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Сабаби адовати ӯ кадом аст?
Ҳотам гуфт:
— Ба хотири як одамизод ин ҳама корҳо кардааст.
Боз гуфт:
— Эй девон, мулозимони Афрасшоҳ одамизодеро ба курсӣ нишонида ба ин ҳад овардаанд ва худи он мулозимон гашта рафтаанд. Шумоён он одамизодро ба хизмати шоҳ ёфта баред, муқарраби боргоҳи ӯ хоҳед шуд. Мани бечора аз тарси ҷони худ гурехта дар ин ҷо омадаам. Шумоёнро бо ман чӣ кор, душмани худҳоро биҷӯед.

Девон гуфтанд:
— Шумоён ором бошед, акнун моён аз паи он одамизод хоҳем рафт.
Шаҳзода гуфт:
— Бархез, аз ин беша берун шавем.
Посе аз шаб монда буд, ки ҳарду аз он беша баромада равона шуданд. Рӯз роҳ рафта шаб меосуданд.
Алкисса, баъд аз се шабонарӯз бар лаби дарё расиданд.

Шаҳзода гуфт:
— Эй Ҳотам, дарёи Қаҳрамон ҳамин аст.
Ҳотам аз ҷӯшу хурӯши он дарё мутаҳайир шуд. Овози ғурриши ӯ бар фалак печида, ҳамаи дашту биёбонро фурӯ гирифта буд.

Ҳотам гуфт:
— Эй шаҳзода, аз ин чӣ гуна хоҳем гузашт?
Шаҳзода гуфт:
— Мурғро маҷоли гузаштан аз ин дарё нест, чаро ки аз ин ҳад то ба он ҳадди дарё ҳафтрӯза роҳ ҳаст.
Ҳотам гуфт:
— Ба ҷазираи Барзах расидан зиёда мушкил будааст.

Шаҳзода гуфт:
— Эй бародар, чанд рӯзе дар ин ҷо қарор гирӣ, илоҷи гузаштан аз ин дарё хоҳам намуд.
Ҳотам гуфт:
— Некӯ бошад.
Боз шаҳзода гуфт:
— Эй бародар, дар ин миён ҷазираест ва подшоҳи ӯро ном Шаҳмон аст ва ӯ аспоне дорад, ки дар ҷои дигар пайдо намешавад. Ман рафта ду асп аз ӯ хоҳам овард.

Ҳотам гуфт:
— Некӯ бошад.

пешина
аз 269
навбатӣ