Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Дар замон шаҳзода ба ҷониби шоҳ Шаҳмон равона шуд. Баъд аз як рӯз расида, аз дари боргоҳи Шаҳмон дохил шуда бо шоҳ мулоқот кард.
Шоҳ гуфт:
— Эй шаҳзода, мӯҷиби омадани ту дар ин диёр чист?
Шаҳзода гуфт:
— Эй шоҳ, маро ду аспи тезпар даркор шудааст, агар марҳамат намоед, айни лутф хоҳад шуд.
Шоҳ гуфт:
— Падарро аз ин аҳволи ту хабар набуд, ки дар ин мақом танҳо омадӣ?
Шаҳзода гуфт:
— Чунин аст.
Шаҳзода боз гуфт:
— Эй шоҳ, ду аспи тезпар бидиҳед, ки дар тамомии умр дар таҳти эҳсони шумо бошам ва ҳар хизмате, ки фармоед, тақсир нанмоям.
Шаҳмон гуфт:
— Эй мулозимон, ду аспи тезпар бароварда ба шаҳзода бидиҳед.
Дарҳол мулозимон чунон карданд.
Дар ҳини бозгашт шоҳ аз ҷои худ бархост ва шаҳзодаро дар канор гирифт гуфт:
— Эй фарзанд, агар ҳазор асп гӯй, аз ту дареғ нахоҳам кард, ки ту бародарзодаи мо будай.
Алкисса шаҳзодаро рухсат фармуда гуфт:
— Эй шаҳзода, мехоҳам, ки чанде аз паризодонро бо ту ҳамроҳ намоям.
Шаҳзода гуфт:
— Эй шоҳ, ҳамроҳи қобиле дорам, маро дигар ҳамроҳе лозим нест.
Ва аз боргоҳи шоҳ баромада рӯ ба роҳ ниҳод. Муддате дар миёни замину осмон парвоз карда дар пеши Ҳотам расид.
Алкисса, бар болои аспон савор шуда, яке тозиёна бар сағрии онҳо кашиданд.
Ҳотам гуфт:
— Эй шаҳзода, магар ин аспон бар ҳаво мепаранд.
Шаҳзода гуфт:
— Оре, эй Ҳотам, лаҷоми таковари худро баланд дорӣ, ки болҳои худро кушода дар ҳаво хоҳад шуд.
Ҳотам ҳамчунон кард, дид, ки аспон болҳои худро кушода ҳамчун мурғи тезпар бар рӯи само мерафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ