Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Муддати чаҳор шабонарӯз аспон дар миёни замину осмон дар парвоз буданд.

Ҳотам гуфт:
— Эй шаҳзода, маро ташнагӣ ва гуруснагӣ ғолиб омада, инро илоҷ чист?

Дарҳол шаҳзода аз бағали худ чанд меваи ширин ҳамчун асал бароварда ба дасти Ҳотам дода гуфт:
— Инҳо ташнагиву гуруснагии шуморо хоҳанд шикаст.

Ҳотам гуфт:
— Эй шаҳзода, ин меваҳоро аз куҷо овардӣ?

Шаҳзода гуфт:
— Аз пардаи Шаҳмон овардаам.

Алкисса, баъд аз чанд рӯз аз он дарёи пуршӯр гузаштанд.

Шаҳзода гуфт:
— Эй бародар, асп сусттар гузоред, майл ба пастӣ намояд.

Ҳотам гуфт:
— Эй шаҳзода, ман шунидаам, ки ҷазираи Барзах дар миёни дарёст.

Шаҳзода гуфт:
— Ибтидо ин ҷазира аз ҳамин ҷо аст, ки ману ту нишастаем. Гумон набарӣ, ки аз дарёи Қаҳрамон гузаштаем. Ин канораи дуюми он нест, балки ин ҳам аз ҷазоири мулҳақаи Барзах. Ҳамчунин бисёр ҷазоир ба он мулҳаканд.

Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳзода, ин ҷо то ба ободӣ чӣ миқдор роҳ бошад?

Шаҳзода гуфт:
— Баъд аз даҳ рӯз хоҳем расид, — ва боз илова кард:
— Эй бародар, сухане дорам, мақбули шумо шавад ё не?

Ҳотам гуфт:
— Изҳори он лозим аст.

Шаҳзода гуфт:
— Рафта аз ҷазираи худ лашкар биёрам, то ин ки ба шаъну салтанат дохили ҷазираи Меҳёр Сулаймон шавем.

Ҳотам гуфт:
— Эй шаҳзода, магар шумо ба ҷанги Меҳёр меравед?

Шаҳзода гуфт:

пешина
аз 269
навбатӣ