Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Лашкар бо худ барои ҷангу қатл нест, балки мову ту танҳо равем, ба зудӣ дар маҷлиси Меҳёр роҳ нахоҳем ёфт, чаро ки ӯ дар миёни париён соҳиби шаъну таҷаммул аст ва ӯ подшоҳи азим аст. Ҳеҷ аҳадеро ҳадди он нест, ки хабари омадани мову шуморо ба ӯ расонад. Агар бо лашкар дохили шаҳри ӯ шавем, хабари моён ба зудӣ ба ӯ хоҳад расид.
Ҳотам гуфт:
— Эй шаҳзода, ба чанд рӯз рафта хоҳӣ омад?
Шаҳзода гуфт:
— Ба як ҳафта меоям.
Ҳотам гуфт:
— Эй бародар, кайфияти ин беша ба шумо маълум аст, ки аҳволи ман дар ин ҷо чӣ хоҳад шуд?
Шаҳзода гуфт:
— Ин ҷазираро ҳеҷ офату бало нест, ки касе озор ёбад ва ин қавми париён зараркунандаро дар ин ҷо намегузоранд.
Ин сухан гуфта бо ҷониби ҷазираи худ баромада рафт.
Алкисса, ба панҷ рӯз ба ҷазираи худ бирасид. Паризодон омада дар зери қадами шаҳзодаи худҳо афтоданд. Шӯру ғавғое дар он ҷазира пайдо шуда хабар ба падару модари шаҳзода расид. Шаҳзода дар шаҳри худ даромада, дар қадами падару модари худ афтода зорзор мегирист. Падару модар шаҳзодаро дар оғӯш гирифта пурсиданд.
— Эй нури чашм, бо лашкари бекарон ба хизмати Меҳёр рафта боз аз лашкар ҷудо шуда, дар гӯшае ғоиб шудед ва тамомии лашкар дар талаби шумо хоҳону ҷӯён парешон ба атрофи олам гаштаанд.
Боз гуфтанд:
— Эй нури чашм ин ҳама ташвишотро кашида, мақсуд ҳосил кардед ё не?
Шаҳзода сар таҳ карда гуфт:
— Эй падари бузургвор, гуфтаи шуморо гӯш накарда саргардону нолон мегаштам ва ҳеҷ бандаро инчунин рӯзи сахт пеш наёмада. Чун толеъ баланду бахт ёр будааст, бо мадади дуои шумоён Ҳотам ном одамизоде ба сарвақти ман расида, аҳду паймон бастааст ва мегӯяд, ки туро ба мурод расонида ҳамаи мушкилҳои туро осон хоҳам гардонид ва духтари Меҳёрро бе машаққат ба ту гирифта хоҳам дод.
Падару модари шаҳзода дар ханда шуда гуфтанд:
— Эй фарзанд, маълум мешавад, ки ту ҳанӯз ба дараҷаи

пешина
аз 269
навбатӣ