Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
кӯдакӣ ҳастӣ. Паризодони доно аз ӯҳдаи ҷавоби ӯ набаромадаанд. Одамизоди бечора аз ӯҳдаи ҷавоби ӯ кай барояд ва ӯро чӣ гуна ҷавоб гӯяд? Туро ваъдаи хом кардааст. Агар саволи Меҳёрро ҷавоб гӯяд, духтарро ба ту нахоҳад дод ва худи ӯ он духтарро дар ақд хоҳад даровард ва ӯ аз роҳи дур ин ҳама ранҷҳо кашида ома-да, меҳнати худро зоеъ нахоҳад гардонид. Эй писар, ха-ёли фосидро аз сари худ дур кун.
Шаҳзода гуфт:
— Эй шоҳ, одамизоде ки гуфтам, подшоҳзодаи Яман аст ва шоҳонро аз қавли худ гаштан муҷиби беэътибо-рӣ хоҳад буд ва дигар, ӯро ба навъе дидам, ки дар миё-ни инсон дар боби доноӣ мисл надорад. Чунон ки замони пайдо шудани он дурро аз забони мурғон шунида ва анда-ке бо ман изҳор намуд. Аз забони Меҳёри Сулаймон ҳар чизе, ки бишнида будам аз забони ин низ ҳамон тавр шу-нидам. Ба ин боис маро бо ӯ эътиқод ҳаст. — Ва боз ило-ва намуд:
— Эй шоҳ, ӯ аҷаб одамизод, ки забони девону пари-ён ва забони ҳамаи ҷондоронро медонад.
Шоҳ гуфт:
— Одамизодро дар куҷо гузоштӣ ва барои чӣ аз ӯ ҷу-до шудӣ?
Шаҳзода гуфт:
— Эй падар, лашкари ин ҷазираро бо худ бурда, ба салтанат дохили ҷазираи Меҳёри Сулаймон шавам, аз ҳарчӣ маро беҳтар ва хубтар бошад ва одамизодро дар канори ҷазираи Қаҳрамон гузошта омадаам ва ӯ инти-зори ман аст.
Дарҳол шоҳ дувоздаҳ ҳазор лашкар ҷамъ карда, бо таҷаммули бисёр фарзанди худро ба ҷониби ҷазираи Барзах роҳӣ гардонид.
Шоҳ гуфт:
— Эй фарзанд, ҳаргоҳ духтари Меҳёр муяссар ша-вад, моро хабар расонӣ, ки лавозимот ва шодии тӯйро саранҷом намуда низ хоҳем рафт.
Шаҳзода гуфт:
— Эй падар, албатта чунон хоҳам кард.
Шаҳзода бо падару модар видоъ карда, бо салтана-ти шоҳӣ баъд аз панҷ рӯз ба канори дарёи Қаҳрамон ра-сида, дид, ки Ҳотам дар ҷои худ нест ва дар хотир овард, ки гуфтаи падару модар рост буда, ки ваъдаи худро вафо нанамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ