Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Дарзамон фармуд, ки лашкариён ҳамаи хаймаҳо ва боргоҳро дар он ҷо барпо гардонанд. Дар он вақт аз ҷои худ бархоста дар боғ даромада ва мулозимони худро фармуд, ки одамизодро дарёбед.
Ҳамаи паризодон атр фу ҷониби боғро мегаштанд. Ногоҳ яке аз париёнро назар ба Ҳотам афтод. Дид, ки Ҳотам сар ба зону ниҳода дар зери дарахте мутафаккир нишастааст.
Давида омада гуфт:
— Эй шаҳзода одамизод дар зери дарахте нишаста.
Дарзамон шаҳзода аз ҷои худ барҷаста ба тарафи Ҳотам равона шуд. Наздик расида дид, ки Ҳотам сар ба зонуи тафаккур монда нишастааст. Меҳровар гуфт:
— Эй бародар, сар бардор, ки омадам.
Ҳотам аз ҷои худ бархоста шаҳзодаро дар канор гирифта ва якдигарро пурсуҷӯ намуданд. Дарзамон дар лашкаргоҳ омаданд.
Ҳотам дид, ки лашкари бисёре ва саропардаҳо барпо карда нишастаанд, гуфт:
— Эй шаҳзода, ин ҳама лашкар аз оні шумост?
Шаҳзода гуфт:
— Оре.
Ҳарду ба дари боргоҳ омаданд.
Ҳотам дид, ки аҷаб боргоҳ ороста тахти мурассаъ дар миён ниҳодаанд. Ҳамаи онро аз тиллои аҳмар кардаанд.
Дарҳол шаҳзода дасти Ҳотамро гирифта бар болои он тахт нишонид ва худ дар паҳлӯи Ҳотам қарор гирифт.
Табболони1 лашкарро фармуд, ҳамаи нақораву таблҳоро дар навозиш дароварданд, наздик буд, ки гӯши гардун ва шерозаи фалак пора-пора гардад. Чандин қисм таом пеш гирифта, ба хӯрдани таом муқайяд шуданд. Баъд аз фароғ мутрибони хушилхон ва раққосон дар рақс даромада аҷаб сӯҳбате ороста гардониданд.
Алкисса, тамомии шабро ба созу нағма гузаронида, алассабоҳ нақораву кӯсро дар садо дароварданд ва ба тарафи Меҳёршоҳ равона шуданд. Тамомии даштро лашкар гирифт.
Баъзе паризодон, ки дар атрофи он дашт ватан доштанд, хабар ба Меҳёршоҳ расониданд ва гуфтанд:
— Эй шоҳ лашкари бекарони паризодон бо тачам-
1 Таббол — нақорачӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ