Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

мули бисёре меоянд. Маълум нест, ки эшонро чӣ матлуб бошад.

Меҳёр дар ғазаб шуда фармуд, ки чиҳил ҳазор паризод рафта ҳар кадом эшонро дар қайди занҷиру банд кашида биёранд.

Дарҳол сарҳангон бо лашкари бекарон омада, садди роҳи лашкари шаҳзода шуданд.

Лашкари шаҳзода диданд, ки диловарон садди роҳи эшон гирифта омодаи ҷанг шуданд.

Шаҳзода чанде аз сарҳангонро фиристода гуфт, эшон киёнанд ва чаро ихтиёри ҷанг доранд. Моёнро ки мебинанд, ба ҷанг наёмадаем ва ман шаҳзода, Меҳёршоҳро хизмат ба ҷо меорам.

Ин хабарро ба Меҳёршоҳ расониданд.

Шоҳ шунида хушҳол шуд ва фармуд, ки:

— Касе музоҳими эшон нашавад, шаҳзода Меҳроварро ба иззати тамом дар назди ман биёред.

Алғараз, сардорон рафта шаҳзодаро ба дари боргоҳи шоҳ оварданд ва аз шаҳзода пурсиданд, ки ин одамизод бо шумо чӣ гуна ҳамроҳ аст.

Шаҳзода гуфт:

— Эй сарҳангон ин низ подшоҳзодаи Яман аст, ба мулозимати Меҳёршоҳ омада.

Сардорон омада ба хизмати Меҳёршоҳ ҳамаи суханҳои шаҳзодаро як-як баён намуданд.

Шоҳ пурсид, ки:

— Эй сардорон, боиси омадани эшон чист?

Сардорон гуфтанд:

— Эй шоҳ, як одамизодеро бо худ оварда, мегӯяд, ки ин низ подшоҳзодаи одамиён аст, ба хизмати шоҳ арзе дорад ва аз ҷониби шоҳи олиҷоҳ ҳоҷат мехоҳад.

Дарзамон шоҳ вазирро фармуд, ки рафта таҳқиқ намо, ки Меҳроварро боиси омадан чист ва эшон чӣ мақсуд доранд.

Дарзамон вазир саломи бопаёми шоҳро расонида гуфт:

— Эй шаҳзода, боиси омадани шумо чист ва чӣ мақсад доред?

Шаҳзода гуфт:

— Эй вазир, дар назди шоҳ изҳори матлуб хоҳем кард.

Вазир бозгашт карда омад ва гуфт:

— Эй шоҳ, Меҳровар чунону чунин мегӯяд.

Алкисса шаб гузашта чун рӯз ҷаҳонафрӯз шуд, шоҳ низ вазирро фармуд, ки рафта Меҳроварро бо ҳамроҳии одамизод биёрад. Вазир рафта шаҳзодаро бо ҳамроҳии

пешина
аз 269
навбатӣ