Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ҳотам ба ҷониби боргоҳ таклиф намуд. Шаҳзода бо Ҳотам ва бо муқаррабон ба ҷониби боргоҳи шоҳ равона шуд.
Паризодон дар кӯчаҳову дар растаҳо баромада буданд, диданд, ки Ҳотам бо шаҳзода Меҳровар рикоб ба рикоб омада ба дарборгоҳи шоҳ нузул фармуданд. Дарзамон дарбонон Ҳотамро бо ҳамроҳии шаҳзода гирифта дар боргоҳи шоҳ дароварданд. Ҳотам наздики тахт расида ва замин бӯсида, адаби шоҳона ба ҷой овард. Шоҳ ҷавоби салом дода Ҳотамро дар канор гирифт ва навозиши бисёре карда дар болои курсии заррин нишонида пурсид, ки:
— Эй одамизод, боиси омадани ту дар ин ҷо чист, ва аз балоҳои роҳи пуршӯр чӣ гуна гузаштӣ? Ва туро матлаб чист?
Ҳотам дарҳол даст дар ҷайби худ карда ҳамон сурати дурре, ки аз нуқра карда буд, бароварда дар пеши шоҳ гузошт ва гуфт:
— Эй шоҳ, духтарест дар мулки Хуросон, дурре дорад ба монанди ин. Ҷӯраи он дурро аз ман талаб кардааст. Ва ӯ ҳафт шарт дар миён оварда буд, ҳамаи шартҳои ӯро ҷавоб гуфтам, магар ёфтани ҷӯраи ҳамон дурр.
Аз тамомии олам пурсуҷӯ карда хабари ҷӯраи ҳамон дурри ӯро аз давлатхонаи шумо ёфтам.
Шоҳ гуфт:
— Эй одамизод, ба даст овардани ҷӯраи он дурр аз ҳар чиз мушкилтар аст.
Ҳотам гуфт:
— Ин ҳама ранҷҳо кашида омадаам, нахоҳад, ки шоҳ аз давлатхона навмеду хушк фиристонад, чаро ки эҳтиёҷи гадоён аз шоҳон мебарояд, на аз ҳар кас.
Шоҳ донист, ки шаҳзодаи аслу доност, ноилоҷ гуфт:
— Эй одамизод, моро низ шарте буда. Агар он шартро ба ҷо орӣ, ҷӯраи он дурро бо духтари худ ба ту хоҳам дод.
Ҳотам гуфт:
— Эй шоҳ, маро дурр даркор аст ва духтарро ба ҳар ки хоҳам, бидиҳам?
Шоҳ гуфт:
— Чун шарти маро ба ҷо орӣ, ихтиёр мар турост.
Хоҳ худ бигирӣ, хоҳ ба дигаре бахшӣ.
Ҳотам гуфт:
— Некӯ бошад. — Ва боз гуфт: — Шаҳзода Меҳроварро дар ин ҷо ҳозир кунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо