Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Дарҳол шаҳзодаро оварда, бар болои курсии заррин нишониданд. Ҳотам ба шоҳ нигоҳ карда гуфт:
— Эй шоҳ, дурро дар он ҷо ҳозир созанд, то саволи шуморо ҷавоб гӯям.
Шоҳ фармуд, хазинадорон дурро дар пеши шоҳ оварда бинҳоданд. Шоҳ гуфт:
— Эй одамизод, замони пайдо шудани ин дурро баён намо.
Ҳотам ҳарчӣ аз мурғон шунида буд, баён намуд. Шоҳ сар боло карда гуфт:
— Эй ҷавон, офарин бар доноии ту, ки ростиро пешаи худ кардаӣ. Рост ва некӯ гуфтӣ. Акнун ин дурр аз они туст ва ихтиёри духтар низ мар туро бошад, ба ҳар касе ки хоҳӣ, бидиҳӣ.
Ҳотам аз ҷои худ бархоста, таъзиму одоби шоҳона ба ҷо оварда, он дурро аз замин гирифт ва дар ҷайби худ андохта гуфт:
— Эй шоҳ, духтари шумо ба ҷои хоҳари ман бошад ва ӯро муносиби шаҳзода Меҳровар дидаам. Агар ҷаноби шоҳи олампаноҳ иҷозат диҳанд, маликаро ба шоҳзода бидиҳам, чаро ки ӯ ҳамҷинси малика аст ва мулозимати малика ба ҷаноби шоҳ ҳамеша муяссар хоҳад шуд.
Меҳёршоҳ аз ин гуфтаҳои Ҳотам завқи аҷибе карда вазирони худро фармуд, ки саранҷоми кадхудоӣ карда маликаро ба шаҳзода Меҳровар таслим намоянд.
Шаҳзода ин ҳама меҳрубониҳоро аз шоҳ дида, аз ҷои худ бархост ва дар поёни боргоҳ рафта бандавор истода шуд.
Меҳёршоҳ фармуд, сарупои мулукона оварда ба шаҳзода пӯшониданд. Ҳамаи сарҳангон муборакбодкунон чанд сар ҷавоҳир бар болои сари шаҳзода нисор карданд. Баъдан шоҳ ба гӯшаи абрӯ ишорат карда гуфт, ки:
— Эй шоҳзода, гузашта ба мақоми худ қарор гирӣ.
Шаҳзода ба чандин адаб гузашта дар ҷои худ қарор гирифт.
Шоҳ фармуд, ки таббохон ва бакавулон таомҳои рангоранг биёранд.
Дарзамон шарбатдорон чандин қисм таоми лазиз оварда дар назди Ҳотам ва шаҳзода ва дар назди ҷамеи сарҳангон ниҳоданд. Баъд аз фурӯғи таом Ҳотам ва шаҳзода аз хизмати шоҳ баромада дар саропардаи худҳо омаданд.
Шаҳзода дар қадами Ҳотам сар монда мегуфт, ки:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо