Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй бузург, эҳсоне, ки дар бораи ман намудед, модоме ки зинда бошам, талофии онро намоям.
Алкисса, Меҳровар ҳамаи саргузашт ва ҳусули мақосиди худро нома навишта, ба ҷониби падару модари худ равона намуд. Мазмуни нома ин буд, ки маро мақсуд ба туфайли одамизод ҳосил шуд. Бояд ба расидани нома саранҷоми тӯйро карда ба инҷониб озим шаванд.
Номаи шаҳзода расид. Дарҳол падару модари шаҳзода ҷамъи лавозимоти тӯй ва арӯсиро тайёр карда, бо таҷаммули бисёре ба ҷониби ҷазираи Барзах равона шуданд.
Баъд аз чанд рӯз ба ҷазираи Барзах расиданд. Шаҳзода аз омадани падару модар хабар ёфта истиқбол намуд ва сари худро дар қадами падару модар монду узрҳо мегуфт.
Падару модар сари шаҳзодаро аз замин бардошта бӯса аз гули рӯи ӯ карда, Ҳотамро мепурсиданд ва мегуфтанд:
— Эй нури чашм, он одамизод дар куҷост?
Шаҳзода гуфт:
— Ӯ дар боргоҳ нишастааст.
Дарзамон падару модари шаҳзода омада дар қадами Ҳотам афтоданд ва мегуфтанд:
— Эй бузург, ин ҳама некӣ, ки дар бораи фарзанди мо кардай, модоме ки зинда ҳастем, ғулому канизаки зархаридаи ту бошем.
Алкисса, хабари омадани падару модари шаҳзода ба гӯши шоҳ расид. Шоҳ вазири худро ба мулозимати эшон фиристод.
Вазир омада, падару модари шаҳзодаро бандавор хизмат ба ҷо овард ва гуфт:
— Қудуми шоҳ бо мутеонашон болои дида.
Шаҳзода ишорат ба хизматгорон карда буд, ки мулозимон хилъати шоҳона оварда вазирро пӯшониданд.
Шаҳзода гуфт:
— Эй вазир, фардо ба хизмати шоҳ хоҳем рафт.
Вазир аз боргоҳи шаҳзода баромада, ба хизмати подшоҳ расид ва ҳамаи арзи бандагии шаҳзодаву падару модари ӯро як-як баён кард.
Шоҳ гуфт:
— Неку бошад.
Алкисса, шаб гузашта рӯзи ҷаҳонафрӯз аз канораи уфук сар берун карда буд, ки табболон табли шодӣ ва нақораи хурсандиро дар садо дароварданд. Падару модари

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо