Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
шаҳзода омада шоҳро мулозимат намуданд. Муддати як ҳафта русум ва лавозимоти арӯсиро муҳайё намуда, тамоми умарову фуқароро хилъат бахшида, чандин алвон таом доданд. Баъд аз чанд рӯз маликаро ақд баста ба шаҳзода супурданд.
Алқисса, ошиқи бечора ба туфайли Ҳотам ба муроди хеш расид. Шаҳзода дар шабистони малика даромада коми дил ҳосил кард.
Тамоми паризодон мубталои сӯҳбати Ҳотам буданд.
Меҳёршоҳ мегуфт, ки:
- Сад дареғ, ин одамизод духтари маро нагирифт,
ҳамеша дар пеши ман мешуд.
Баъд аз як моҳ шаҳзода ва Ҳотам ба дари боргоҳи шоҳ омада рухсат хостанд.
Меҳёршоҳ ба чандин бедилӣ зару ҷавоҳири бисёре дода рухсат фармуд.
Ҳотам гуфт:
- Эй шоҳ, ин ҳама зару ҷавоҳир маро чӣ кор ояд ва ба ин роҳи дуру дароз худро базӯр хоҳам бурд.
Шоҳ гуфт:
- Эй одамизод, ин ҳама зару ҷавоҳирхоро мулозимон дар мақоми ту хоҳанд расонид.
Дарҳол шоҳ фармуд:
- Эй мулозимон, Ҳотаму шаҳзодаро бо ин зарҳо
ба мақоми эшон расонида бозоед.
Дарҳол мулозимон Ҳотамро бо ҳамаи он зарҳо ва падару модари шаҳзода бар лаби дарёи Қаҳрамон расониданд.
Ҳотам хост, ки аз шаҳзода ҷудо шуда рӯ ба роҳи омадаи хеш орад, шаҳзода гуфт:
- Эй бузург, ин чӣ расм аст, ки дар ватани ман норафта азми рафтан ба ҷониби ватани хеш кардай?
Ҳотам гуфт:
- Ҳар чӣ муроди шумоён бошад, ҳамон кунам.
Алқисса, шаҳзода Ҳотамро дар ҷазираи худ бурда меҳмондории шоҳона ва тавозуи мулукона ба ҷо овард.
Баъд аз чанд рӯз Ҳотам аз шаҳзода рухсат хост.
Дарзамон шаҳзода бо зару ҷавоҳири бисёре Ҳотамро бар болои курсии мурассаъ нишонида, бо дувоздаҳ ҳазор паризод рӯ ба роҳ овард. Баъд аз чанд рӯз аз дарёи Қаҳрамон гузашта, ба ҳадди макони девон расиданд.
Девон хабардор шуда диданд, ки дар ҳадди мулки эшон лашкари бисёре омадааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо