Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Тамоми девҳо ҷамъ шуда садди роҳи паризодонро гирифтанд.
Дарҳол шаҳзода яке аз сарҳангони худро фиристода гуфт, ки:
— Эй девон, моён дар ин мақом аз барои ҷанг наёмадаем ва дар пеши Афрасхоҳ аз барои муборакбодӣ меравем, ки ӯ ҳамҷинси мост ва аз офати саъбе халос шудааст.
Девон гуфтанд:
— Моён низ аз барои ҷанг наёмадаем, балки барои мулоқоти шаҳзода омадаем.
Сарҳангони девонро шаҳзода дар пеши худ талабида инъоми бисёре ато намуд.
Девон гуфтанд:
— Эй шаҳзода, як рӯз дар ин мақоми моён бошед, то ин ки шуморо хизмат ба ҷо орем.
Шаҳзода гуфт:
— Дар ин ҷо чӣ ҳарф аст, мову шуморо ҷудоӣ нест.
Боз шаҳзода фармуд, бакавулон таом оварда бо девон тановул намуданд.
Девон гуфтанд:
— Эй азиз, агар ба мақоми моён қадам наёред, муҷиби шармандагии моён хоҳад шуд.
Шаҳзода гуфт:
— Эй девон, дар бозгашт ба мақоми шумоён нузул хоҳам фармуд.
Девон гуфтанд:
— Муҷиби сарафрозии моён хоҳад шуд.
Аммо шаҳзода Ҳотамро дар гӯшае пинҳон намуда буд.
Алкисса, девонро рухсат карда мулозимони худро фармуд, ки:
— Рӯ ба роҳ оред.
Мулозимон дар миёни замину осмон дар парвоз даромада баъд аз чанд рӯз ба сарҳадди Макдас расиданд.
Яке аз паризодон воқиф шуда, ба арзи Афрасхоҳ расонид ва гуфт:
— Эй шоҳ, шаҳзода Меҳровари тумонӣ бо лашкари бисёре омада, дар мулки Макраси дев нузул фармудааст.
Афрасхоҳ шунидан баробар дар ғазаб шуда бо лашкари ороста ба ҷанги шаҳзода Меҳровар рӯ овард. Баъд аз чанд рӯз наздик расида, ду лашкар дар муқобили якдигар қарор гирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо