Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Шаҳзода Ҳотамро фармуд, ки:
— Эй бародар, шумо пештар рафта ҳақиқати ҳолро бо Афрасшоҳ маълум намоед, мабодо ки аз ду тараф лашкариён дар ситез шаванд, кор ба ҷанг хоҳад анҷомид. Дарҳол Ҳотам пеши лашкари Афрасшоҳ омад.
Лашкариён Ҳотамро шинохта рафта гуфтанд, ки:
— Эй шоҳ, ҳамон одамизоде, ки ба дуои ӯ моёнро пару бол ва шуморо сурати аслӣ омада буд, бо ин лашкар омадааст.
Шунидан баробар Афрасшоҳ ба ҷониби Ҳотам равона шуд. Наздик расида аз таковари худ фуруд омад.
Ҳотам низ мулозимат намуда ва якдигарро дар канор гирифтанд.
Афрасшоҳ аз Ҳотам аҳвол пурсид.
Ҳотам ҳамаи саргузашти худро баён намуда буд, ки шоҳ ангушти ҳайрат ба дандони таҳсин газида офаринҳо мекард. Шоҳ бипурсид, ки:
— Шаҳзода Меҳровар дар куҷост?
Ҳотам гуфт:
— Ӯ дар лашкари худ буда маро пештар фиристод, ки мабод ду лашкар дар ситез шаванд, ман ҳам ба рикобҷӯстии шоҳ аз пас хоҳам расид.
Шунидан баробар Далершоҳ ном писари худро бо вазир фармуд, ки рафта шаҳзода Меҳроварро дар фалон мавзеъ шароити меҳмондорӣ камоянбағӣ ба ҷой оред. Ва он мавзеъ ҳавои хуш дорад.
Дарзамон ҳарду ба хизмати шаҳзода расиданд. Меҳровар Далершоҳро дар бағал кашида пурсуҷӯи бисёре намуд. Далершоҳ шаҳзодаро ба мавзее фуруд оварда меҳмондории аҷибе намуд. Баъда ҳардуи эшон ба хизмати Афрасшоҳ равона шуданд. Наздик расида буд, ки Афрасшоҳ аз ҷои худ бархоста шаҳзода Меҳроварро дар канори худ кашид ва гуфт:
— Эй шаҳзода, раҳмати худо бар шумо бод, ки ин ҷавонро сиҳату саломат ба ман расонидед ва ман барои ин одамизод алаллақом дар андеша будам, ки оқибати кори ӯ чӣ шавад?
Мулозимону бакавулони Афрасшоҳ чандин қисм таом оварда, дар назди шоҳон гузоштанд. Онҳо таомҳоро тановул намуда, ҳамон шабро дар он ҷо гузарониданд. Алассабоҳ ҳарду лашкар ба роҳ даромада, манзилу мароҳил тай карда ба шаҳри Афрасшоҳ расиданд. Дар он боғе, ки Ҳотам омада буд, шаҳзодагон фуруд омаданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо