Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Муддати чиҳил шабу рӯз ба айшу ишрат гузарониданд. Баъд аз чиҳил рӯз Ҳотам аз шоҳон рухсат хоста буд, ки шоҳон бо якдигар гуфтанд:
— Ин одамизод эҳсоне, ки дар бораи моён карда буд ҳеҷ офарида нахоҳад кард. Мебояд, ки бо ин ҷавон рафоқат карда ба шукӯҳи тамом дар миёни одамиён расонем.
Ҳама гуфтанд, ки:
— Салоҳ дар ҳамин аст.
Алкисса, ҳамаи шоҳон Ҳотамро бар болои тахти мурассаъ нишониданд, ки баҳои он аз ҳироҷи ҳафт иқлим бештар буд. Бо зари бешумору ҷавоҳири бисёре ба ҷониби Ҳуснобод парвоз карда равона шуданд. Ҳар ҷо ки ҳавои дилкаш ва макони фараҳбахш дидандӣ, нузул фармуда шабро ба айшу ишрат гузаронидандӣ, алассабоҳ озими роҳ шудандӣ.
Алкисса, баъд аз даҳ рӯз миқдори чаҳор фарсанг қариби Ҳуснобод расида фуруд омаданд. Табболон ва меҳтаронро фармуданд, ки таблҳову нақораҳоро дар садо дароварданд. Овози созу нағма тамоми биёбонро фурӯ гирифта буд. Мардумони он биёбон дар гурез шуда ба Курдоншоҳ хабар расониданд, ки:
— Эй шоҳ, лашкари бекарон пайдо шуда тамомии заминро фурӯ гирифта меояд. Маълум нест, ки чӣ тоифа бошанд ва аз куҷо меомада бошанд.
Аз шунидани ин хабар шоҳ беқарор шуда фармуд, ки:
— Дарвозаҳои шаҳрро барбандед.
Вазирон ва сарҳангони худро талабида дар машварат шуда ҷосусеро фармуданд, ки:
— Рафта хабар гир, ки лашкариён аз куҷоянд ва чӣ муддао доранд.
Ин хабар низ ба Маликаи Ҳуснобод расид, ки лашкари бекарон бо ин шукӯҳ тамомии дашту биёбонро фурӯ гирифта меояд. Маълум нест, ки барои чӣ омада бошад. Малика низ дарвозаҳои шаҳри худро баста буд.
Алкисса, шоҳон бо ҷамъи лашкар ва девони одамхор хаймаву саропардаҳоро барпо карданд, ки чашми бинанда надида буд. Мардумони Курдоншоҳ ва хизматгорони малика ҳамчун кураи симоб дар ларза буданд.
Алгараз, Ҳотам аз лашкари паризодон ҷудо шуда ба ҳазор салтанат ба дарвозаи шаҳри малика расида биистод. Мулозимони малика Ҳотамро шинохта гуфтанд, ки:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо