Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Ин ҳамон ҷавонест, ки аз барои ҷавоби саволи ҳафтум рафта буд.
Дарзамон Ҳотам садои худро баланд карда гуфт:
— Чаро дарвозаҳои шаҳрро бастаед?
Мулозимон гуфтанд, ки:
— Аз биму ҳароси ин лашкариён.
Ҳотам гуфт:
— Ин лашкари бегона нест ва ошност.
Дарҳол мулозимон дарвозаҳоро кушода берун шуданд ва дар зери қадами Ҳотам афтоданд ва мегуфтанд:
— Эй шоҳ, умеди моён ин ки ин хонаро соҳиб мешуда бошед.
Дарсоат хизматгорон бо мулозимат рафта гуфтанд, ки:
— Эй Маликаи олам, ҳамон ҷавоне, ки барои саволи ҳафтум рафта буд, ба дари боргоҳ омада истодааст. Ин ҳама лашкар аз вай будааст.
Маликаро аз касрати биму ғам не танро тавоной ва не рухро зебой монда буд ва гули рухсораш ба заъфарони мубаддал шуда.
Малика фармуд, ки боргоҳро ороста карда, он ҷавонро ба дарӯн биёред.
Мулозимон ҳамчунон карданд.
Малика пардае кашида, дар пеши парда худ бинишаст. Ҳотамро андарун талабида бар болои курсии заррин бинишонид ва гуфт:
— Эй ҷавон, дер омадай ва саргузашти худро баён намой ва ҷавоби саволи ҳафтуми моро бигӯй.
Ҳотам аз ҷои худ бархоста чун банда истода шуд ва гуфт:
— Эй малика, чашм аз мушоҳидаи ҷамоли ту нур ёфт ва аз файзи кавкаби толеъ димогам ба авҷи нишот расид ва давлати висол рӯ ниҳодаву айёми меҳнату машаққату муфорақат намонд.
Ва гуфт:
— Эй малика, андӯҳе, ки дар ин сафар маро пеш омад, агар дар тамомии умри худ ба шарҳи он пардозам, яке аз ҳазори онро натавонам гуфтан.
Алкисса, Ҳотам ҳамаи саргузашти худро дар назди малика як-як баён намуд.
Малика ба ин ҳама корҳои Ҳотам таҳсину офаринҳо мекард.
Ҳотам гуфт:
— Эй малика, акнун ҳеҷ ғуссаро ба худ роҳ мадеҳ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо