Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ва омодаи шодмонӣ бош. Субҳи иқбол аз уфуқи давлат дамида офтоби мурод аз машриқ тулуъ намуда, рӯзи ҳиҷ-рон ба охир расид.
Ин ҳама суханҳоро гуфта Ҳотам ин байтро мехонд:
Задаам фол, ки он охири кор охир шуд,
Оқибат дар қадами ёр баҳор охир шуд.
Ин байтро хонду ҷуфти дурро аз бағали худ баро-варда дар пеши малика бинход. Малика дурро дида, сар дар ҷайби тафаккур бурда хомӯш монд.
Ҳотам гуфт:
— Эй малика, акнун ҷои он аст, ки ба ҳоли шаҳзо-да Мунир раҳм намой.
Малика беҳиҷоб, дар пеши Ҳотам никоб аз рӯи худ баргирифт. Ҳотам бар рӯи малика назар карда дид, ки мисли моҳи шаби чаҳордаҳ дар миёни инсону паризодон ба монандӣ ин маликаи ҷаҳон нахоҳад буд. Ҳотам дар дили худ гуфт: «боракалло бо ин ҳусну ҷамол, малика. Инчунин оромиҷони ҷаҳонсӯз дар ин олам пайдо нахоҳад шуд».
Алкисса, ин хабарро ба Курдоншоҳ расониданд, ки:
— Эй шоҳ, ин ҳама лашкариён тобеону мутеони Ҳо-там будаанд.
Шоҳ шодмон шуда, мулозимати Ҳотамро воҷиб до-нист.
Малика нигоҳе ба ҷониби Ҳотам карда гуфт:
— Эй диловара, ҷуфти худро ҳамбистари ғайр кар-дан расми кадом аст? Ва хирмани номуси хешро пок сӯх-тан тариқаи ин аст, ки аз замзамаи мардон бадар афтӣ ва дар олам ба номардӣ алам гардӣ. Ин хаёли фосиду андешаи ботилро ба худ роҳ мадеҳ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳусул напайвандад.
Ҳотам гуфт:
— Эй тозагули гулистони исмату навниҳоли боғи иф-фат, мани маҷнуни бодияи муҳаббат, ки дар роҳи ошноӣ қадам ниҳода ваъдаву паймон ба ҷо овардаам, мехоҳӣ, ки дар назди ҳаққу халқ ба беномусӣ муттаҳам гардонӣ? Ин аз мурувват дур аст. Бояд, ки ба маслиҳати Курдон-шоҳ ҳамаи лавозимоти арӯсиву домодиро барпо дорӣ.
Алкисса, малика шаҳри худро оинабандӣ карда бо хосон ба мулозимати Курдоншоҳ равона шуд. Баъд аз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо