Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

чанд рӯз, ба хидмати Курдоншоҳ расида кайфияти ҳолро арза дошт. Шоҳ гуфт:
— Эй фарзанд, бояд ҳар аҳде, ки бо Ҳотам намудаӣ, ба он устувор бошӣ ва дар ин боб хилофу инҳироф наварзӣ. Агар нукси аҳд намоӣ, мӯҷиби беэътибории ту хоҳад шуд ва он ҳама меҳнату машаққат аз барои ту кашидаанд, нашрояд, ки эшон аз хони карами худ ноумед гардонӣ ва дар гуфтори худ собитқадам набудӣ. Эй малика, бархезу тамоми лавозимоти тӯйи худро тайёру муҳайё гардон ва он шаҳзодаро ба шавҳарӣ қабул бинмо.

Малика аз боргоҳи Курдоншоҳ баромада ба ҷониби шаҳри худ муроҷиат намуда расид. Мулозимонро фармуд, ки Ҳотамро биёред. Дарзамон мулозимон Ҳотамро дар пеши малика оварданд.

Малика гуфт:
— Эй Ҳотам, бояд ки асбоби табҳу тӯйро тайёр намуда шоҳону шаҳзодагонро ҳозир орӣ. Шаҳзодаро ба шавҳарӣ қабул хоҳам намуд.

Ҳотам гуфт:
— Эй малика, умри ту дароз бод ва давлати туро бақои абадӣ бод. Ҳар чӣ фармонӣ, ба ҷону дил қабул намоям.

Алкисса, Ҳотам аз хидмати малика баромада дар назди шаҳзода омад ва ҳамаи гуфтаҳои маликаро як-як бигуфт. Шаҳзода гуфт:
— Эй бародар, ихтиёр мар шуморост. Ҳарчӣ лавозимоти арӯсиву меҳмондорист, ба расми мардумон ба ҷо оред.

Алкисса, Ҳотаму шаҳзода он ҷавоҳирҳо, ки паризодон дода буданд, ҳамаро ба асбоби тӯю арӯсӣ сарф намуда, муддати мадиде бар вай шоҳону париёну одамиён чашне ороста ҳафтод гуна таом кашиданд, ҷамъи фузалову фуқароро таом медоданд. Раққосон дар рақс даромада мерақсиданд.

Табболон таблу нақораҳоро дар навозиш дароварда аҷаб шӯре ва ғавғое барпо карда буданд, ки тамомии оламро овози созу наво фаро гирифта буд, ки малак дар боми фалак таҳсину офарин мекард.

Алкисса, ҷамъи шоҳонро хилъати мулукона пӯшонид. Тоҷ бар сари эшон ниҳоданд ва ҷамеи фузало ва
фуқароро сару по пӯшонда аҷаб тӯе ва маъракае барпо
карданд. Баъд аз фароғи созу сӯҳбат шаҳзода Мунирро дар ҳузури шоҳон оварда хилъати шоҳона пӯшонида тоҷи шоҳӣ бар сари ӯ биниҳоданд. Дарзамон малика

пешина
аз 269
навбатӣ